ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Аммо Малола, ки дасташро дар соиди Фаришта ҳалқа карда аз гармоба то ин ҷо беист ҳарф мезад, якбора дастпоча шуд.
-Салом хонумҷон, -гуфт ӯ бо аҷала ва аз остини Фаришта кашид, ки роҳӣ шавад.
-Явош, куҷо аҷала дорӣ? И хонуми ношинос кист?
-И хонум, хизматгори нав аст, хола Наврӯз гуфт ӯра ба ҳаммом бубарум. Малола аз ҳаяҷон лаб мегазид.
-Хонум забон надора, ки ту ба ҷойи ӯ ҳарф мезанӣ?
-Хонумҷон, и зан як камак хиҷолатист... Хола Наврӯз баретон мега оли..
-Исмат чист? -хонум қотеъона ба Фаришта нигоҳ кард.
-Исмам Фаришта аст, хонуми зебо...
Сифати зебо ба хонуми сабзпӯш форид, ки каме нарм шуд.
-Шеваи гуфторат мисли мо нест, аз кадом қавмӣ?
-Аз Тоҷикистонам, аз Шӯравӣ.
-Аз Шӯравӣ? Хонуми сабзпӯш воқеан шигифтзада шуд. - Шӯравӣ куҷову ин ҷо куҷо! Чи тур ин ҷа омадӣ?
Фаришта ҷавоб надод ва бо хиҷолат ба кафшҳои даридаи худ чашм дӯхт. Хонум ҳам барои посух гирифтан пофишорӣ накард ва рӯ ба Малола овард.
-Ба хола бигӯ кораш дорам. Ӯ бо чодари сабзи шоҳӣ, ки бод онро чун пари товус алвонҷ медод, хиромон ба зинаҳои сохтмони дуошёна баланд шуд.
-Роша, роша, Фариштаҷон, аз и мор худа канор бигир, - пичиррос зад Малола ва Фриштаро ба сӯи ошхона тела дод.
Хола Наврӯз ва хизматгорони ошхона бо дидани Фариштаи тару тоза “мошоллоҳ” гуфтанд, вале аз ранги паридаи Малола нигарон шуданд.
-Чӣ шуд? Чаро меларзӣ? - Хола Наврӯз Малоларо ба гӯшае бурд ва тавре суҳбат мекард, ки садояшро кас нашнавад. Фаришта пай бурд, ки он зан эҳтимол ҳамсари оғо аст ва хизматгорҳо аз ӯ метарсанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё