Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хола рӯмоли обиашро ба сар карду бе он ки чизе бигӯяд, аз ошхона баромад.
-Хола пеши хонум рафт, - дар гӯши Фаришта пичиррос зад Малола, - Худо оқибатша ба хайр куна.
Аммо хола зуд баргашт ва гӯё чизе нашуда бошад нонҳои сангакиро, ки занҳо аз танӯр меканданд ба ду дастархони алоҳида ҷудо кард, нонҳои солиму хушпухтаро дар як дастархон ва нонҳои нимсӯхтаро дар дастархони дигар.
-Оғо имшаб меҳмон дора, и нонои хуба хонаи оғо бубар, гуфт ба яке аз занҳо ва ниҳоят рӯ ба Фаришта овард, ки аз нороҳатӣ ба гуфтаи Малола “диқ” мекард.
-Мошоллоҳ, бизанум ба тахта, гуфт хола Наврӯз, ки мехост Фариштаро дилбардорӣ кунад, - бо и қаду басту и чеҳраи мақбул чӣ тур бушқоб бишӯӣ?
-Ҳар коре бифармоед, иҷро мекунам холаҷон, - Фаришта аз меҳрубонии хола рӯҳбаланд мешуд. Таваҷҷуҳи хола ба Фаришта танҳо дилсӯзӣ набуд, ин зани зирак, ки солҳо одамони зиёдеро дар ин дарбор пазируфтаву гусел кардааст, шояд ақлу заковат ва покии Фариштаро аз нигоҳи аввал дарк кард. Фаришта зотан одами камгап аст ва дар ин муҳити бегона ҳарфи изофӣ намезад, чашмаш ба сӯи хола Наврӯз буд, ки ӯ чӣ амр мекунад. Хола занҳои маҳмадоноро дӯст намедорад, ӯ мегӯяд:

  • Зани афғона нон нате, бугӯ ҳарф бизана, валлоҳ то рӯз хомӯш намеша.
    -Либосшӯи ва уту кардана баладӣ? - пурсид ӯ аз Фаришта.
    -Бале хола, хуб ҳам мешӯям ва уту ҳам мекунам.
    -Оғо доим шикоят мекуна, ки зано пероҳаноша тоза намешӯван ва хуб уту намезанан, и кора ту бигӣ, меган занои Шӯравӣ покизакоран, ку ҳунарта нишон бите.
    -Бошад, холаҷон, ҳар чӣ шумо бигӯед. Либосҳоро бо мошин бишӯям ё бо даст?
пешина
аз 473
навбатӣ