Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Пероҳанои оғо сайиб куллаш кори дастӣ аст, бо даст бишӯ, муҳраву тукмаҳошо лиф бизан. Эҳтиёт кун, ӯ курта, паҷамаҳош, тумбанош бисёр гарон астан.
-Чашм, кӯшиш мекунам.
Хизматгорҳои дигар, ки аз соати пайдо шудани Фаришта дар ошхона ҳар қадами ӯро назорат мекарданд, ба якдигар чашмак мезаданд ва ба лаҳҷаи Фаришта механдиданд.
Либосҳои Гулоғо монанди ороишоти хонааш ним шарқиву ним аврпупоиянд. Пероҳанҳои аврпуоияш моли Фаронсаву Итолиё ва либосҳои суннатиаш моли Покистону Аморати Аараб. Чӣ қадар худашро дӯст медоштаст ин мардак! Як куртаро як рӯз мепӯшад! Либосҳояш ҳатто оби аввалро тира намекунанд. Шояд хизматгорҳо ҳам ин одати ӯро медонистанд, ки пероҳанҳояшро бо як об мешустанд.
Либосҳои оғоро Шопур ҳар рӯз дар халтаи сафед меовард ва таъкид мекард, ки вақти хушк кардан рӯи пероҳанҳоро бо дока пӯшонад, то гард нагиранд. Колоҳои оғоро бо собуни махсус мешӯстанд, ки бӯи атр мекард ва ҳар гоҳ Фаришта баъди ҷомашӯӣ ба ошхона бармегашт занҳо мегуфтанд, ки ӯ бӯи оғоро бо худ овард.
Фаришта корашро балад буд, ӯ либосҳои сафедро алоҳида дар тағора тар мекард ва шалворҳоро дар тағораи дигар. Тумбонҳои зарҳалкорро бо эҳтиёт каф мезад, то мабодо нигине аз онҳо канда нашавад. Як ҳафта аз шуғли наваш гузашта буд, ки рӯзе вақте шалворҳоро каф мезад, якеаш дар назараш вазнин намуд ва ӯ даст ба ҷайби шалвор бурд. Як даста пули хориҷӣ буд ва як ангуштарини бузург, ки нигинаш дар офтоб ба сад ранг ҷило медод. Ӯ шалворро ба замин гузошту бо аҷала аз ҷой баланд шуд, метарсид, ки мабодо ба ӯ баргумон шаванд. Аз хонаи либосшӯӣ берун рафт то хола Наврӯзро пайдо кунад, аммо чашмаш ба Шопур афтод, ки дами дар бо касе суҳбат мекард.
-Оғо Шопур сайиб, - надими оғоро нидо кард ва ҳамзамон бо дасташ ишора кард, ки зудтар биёяд.

пешина
аз 473
навбатӣ