ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Хайру хайрият аст хонум? Чӣ шуда?
Фаришта, ки ранг дар рӯ надошт, дасташро аз зери бағалаш берун овард ва пулу ангуштариро ба Шопур дароз кард.
-Инҳо дар шалвори оғо буданд, мабодо гум нашаванд, лутфан инро ба оғо бирасонед.
Надим тааҷҷуб кард, гоҳ ба бастаи пул нигарист, гоҳ ба Фаришта.
-Оғо фаромушхотир шуда, бисёр пайса гум мекуна.
Хизматгорои дига пайсаҳоша дар ҷайби худ мезаданд. Ту чиро и кора накадӣ?
-Магар мешавад? Ин моли каси дигар аст, молаш ба худаш насиб кунад, - гуфт Фаришта ва андешае барқвор аз зеҳнаш гузашт, ки шояд бо бастаи пул ва ангуштарӣ онҳо мехостан садоқати ӯро имтиҳон кунанд. Аммо чашмони пур аз миннатдорӣ ва эҳтироми Шопурро диду шод шуд.
-Боракалло хонум, дасту дилат пок буда, и пайсаву ангуштар барои оғои мо муҳим нест, аммо барои ту муҳим буд, тура барои мо хубтар ошно кард. Ма ира ҳатман ба оғо мегӯм.
-Ташаккур оғо Шопур сайиб. Надими оғо баланд хандид.
-Ма ку оғо нестум, Шопур сайиб бугӯ, кофӣ аст.
-Бошад, Шопур сайиб, - гуфт Фаришта, ки аз хиҷолат ба гунаҳои рангпаридааш сурхӣ дамид. Фаришта саҳар ҳавлии бузургро дар ҳамдастӣ бо Малола ҷорӯб мезад, сипас либосҳои оғоро, рахти хобашро, дастмолу хилъатҳои ҳаммомравиашро мешусту уту мезад ва то хушк шудани либосҳо ба занҳои ошхона кӯмак мекард. Оғо зоҳиран аз кори ӯ шикоят надошт. Хола Наврӯз чун кӯҳ дар пушташ буд ва занҳои дигар низ бо ӯ муомилаи хуб доштанд. Оҳиставу ба тадриҷ ба муҳити ин хонавода одат мекард. Хонумҳои оғо зиёд ба ошхона сар намезаданд, онҳо ҳар яке дар хонаҳои худ ошхонаҳои замонавӣ ва ошпази махсус доранд, аммо гоҳо ҳангоми ба ҷойе рафтан бо либосҳои муҷаллал ва зару зевари аз ҳад беш аз паҳлӯи хизматгорҳо, ки чашмонаш аз дидани ин ҳама тилову алмос хира мешавад, бо виқор мегузаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё