ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Таббохони ошхонаи бузург барои оғову меҳмонҳояш, муҳофизонаш, кормандони фермаву саисхонааш ғизо омода мекунанд.
Тӯли ду моҳи зиндагӣ дар ин хонадон Фаришта Гулоғоро танҳо ду дафъа дид, - бори аввал шабе, ки қочоқбарҳо ӯро ба ивази қарзашон ба ин ин оғо бахшиданд ва бори дувум як саҳари барвақт, вақте ҳавлӣ ҷорӯб мезад. Хиш-хиши ҷорӯб ӯро ба ёди хонаи падараш мебурд, ба ёди чеҳраи маъсуми модараш, хоҳарони зебояш, долу дарахти барояш азиз.
“Мешуда бошад рӯзе, ки рӯзе дубора ба дидори онҳо бирасам”- мегуфт пеши худ ва шодии он дидорро тасаввур мекард. Ҳеҷ гумон намекард, ки рӯзе ҳасрати хонаи падарро мехӯрад.
-Ту кӣ астӣ? - пурсид садои мардонае. Ин овоз дар оромии субҳидам мисли тундар садо дод ва Фаришта монанди моргазидае, ки аз ресмони ало метарсад, нохудогоҳ даст ба чоки гиребонаш бурд ва хост ба тарафи ошхона фирор кунад.
-Натарс, ин ҷо каси бегона нест, -гуфт соҳиби овоз ва Фаришта баргашту дар рӯ ба рӯяш Гулоғоро дид. Оғо дар тан тунбону камзули норинҷӣ дошт ва ба мӯяш он қадар жел молида буд, ки гӯё, як бушкаи руғанро ба сараш рехтааст.
Фаришта чеҳраи ин мардро, ки рӯз то бегоҳ исмашро сад бор аз даҳони хадиму надим мешунавад, бори аввал аз фосилаи наздик медид. Бар хилофи мардҳои сиёҳчурдаи серпашму пайвастаабрӯ, ки аз хонаи Рӯгул то ин ҷо дидааст, оғо як марди сафедпӯсти хушқиёфа буд. Қомати аз миёна баландтар, лабу даҳони нозук риши кӯтоҳу чашмони қаҳваӣ дошт ва бо ин зоҳири латифу зариф бештар шабеҳи занҳо буд.
-Исмат чӣ аст? - оғо чашмонашро нимпӯш кард ва ба зеҳнаш фишор овард, то ба хотир биёрад, ки ин занро дар куҷо дидаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё