Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта зуд ҷавоб надод, ҳанӯз ҳам аз тарс меларзид.
Тарс аз қочоқбарони одамробо дар мағз мағзи ҷонаш нишаста буд.
-Исмам Фаришта аст.
-Ҳамоне нестӣ, ки Ғуломрасул овард... Хонуми тоҷикӣ?
-Бале оғо...
-Чӣ тур астӣ? Касе тура азият намекуна?- оғо гӯё тараҳҳум нишон дод.
-Не оғо... ҳама чӣ хуб аст... муташакирам, - садои Фаришта он ғадар ғаму андуҳ дошт, ки оғо наметавонист дурӯғ будани ин миннатдориро дарк накунад.
-Ростӣ, достонта як рӯз ба ма бигӯ, бояд ҳайратангез боша.
Фаришта ҷавоб надод. “Серро чӣ парвои гурусна! Ту чӣ медонӣ ман чӣ мекашам!”
-Агар коре доштӣ ё мушкиле пеш омад ба ма бигӯ, хиҷолат накаш, иҷара мисли хонаи худут бидон.
-Ташаккур оғо...
Оғо аз камгапии Фаришта дилгир шуд, ё шояд ҳам аҷала дошт, ки дигар ҳарфе назад ва ба сӯи дарвоза қадам бардошт.
“Рӯят сиёҳ, агар ин қадар дилсӯз мебудӣ, мегуфтӣ, ки нороҳат набош, туро то марз мебарам ва ба дасти соҳибонат месупорам. Хола Наврӯз медонад, ки чӣ мегӯяд. Ӯ мегуфт:

  • Фиреби чеҳраи латифи оғоро нахӯред, ӯ рӯбоҳи маккорест, ки одама ташна лаби чашма мебара ва ташна бармегардона.
    Фаришта аз ошхонаи Гулоғо, ки “хабаргузорӣ”-ро мемонад, дар бораи хонаводаи ӯ достонҳои зиёде шунид.
    Занҳои ошпазу нонпаз ва канизҳои тамизкор ҳамагӣ ташнаи ғайбат буданд ва дар симои Фаришта мухотаби нав ёфтанд, ки ҳарфи якдигарро бурида дар бораи аҳли хонавода донадона достон мегуфтанд ва то хола Наврӯз «чуп!» -яъне даматонро бигиред, нагӯяд, онҳо ҳарф мезаданду ҳарф мезаданд.
пешина
аз 473
навбатӣ