Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бисёри онҳо аҳли деҳоти атрофанд ва шабона ба хонаҳои худ бармегарданд. Ин ҷо танҳо духтарҳои ҷавон мемонанд, ки хонаводаҳояшон онҳоро дар ивази қарзҳои нопардохта ба Гулоғо бахшиданд. Оғо ба ин духтарҳо коре надорад, ҳатто онҳоро намешиносад.
Занҳо аз саҳар мерӯбанду мешӯянду мепазанд ва хирманхирман либос уту мекунанд. Масъулияти нигоҳубини муҳофизони оғо, ки дар хонаи якошоёнаи назди дарвоза пойгоҳ доштанд, бар дӯши занҳо буд ва саисхонаву фермаи молпарварии оғо низ аз ҳамин ошхона ғизо мебурд.
Занҳои деҳотӣ духтарҳои ноболиғи худро, ки баъзе барвақт бева шудаанд, бо худ ба хонаи оғо меоранд, то шикамсерӣ ғизо бихӯранд ва ҳам ба модарҳои худ кумак кунанд. Фаришта бори аввал духтари дувоздаҳсолаи бордорро дар ҳамин хона диду шок шуд. Аввал хаёл кард, ки мариз асту дамиш овардааст. Аммо вақте фаҳмид, ки ин наврас соле пеш издивоҷ кардаву ду моҳ баъд бача ба дунё меорад, ҳуш аз сараш парид. Баъдҳо чашмаш ба дидани наврасҳои бордор, ки ба пиракиҳо издивоҷ карда, барвақт бева мондаанд, одат кард. Фаришта аз ин муттаҳайир мешуд, ки модарҳо дар ҳузури духтарҳои ноболиғ ғайбат мекунанду ҳатто ҳарфҳои маҳрамона мезананд ва кӯдакҳо низ ба суҳбати калонсолон ҳамроҳ шуда, баъзан модарҳои худро ислоҳ мекунанд, ки “модар, иҷойи ҳодисаро нодуруст қисса кадӣ”. Ин духтаракҳо чунон пухтаву доно буданд, ки Фариштаро лаби чашма ташна мебурданду меоварданд.
Занҳои ошпазхона ҳама ошиқи Гулоғо буданд, дар барои ӯ ҳарф мезаданду оби даҳонашон мерафт. Духтарҳои муқими хонаи оғо дар орзуе буданд, ки боре онҳоро ба хилвати худ бихонад ё ба онҳо нигоҳе кунад. Мегуфтанд, ки Гулоғо сарватмантарин марди минтақа аст, вале бо ин ҳама ҷалолу ҷабаррут ба зан мардум чандон таваҷҷуҳ надорад. Синну солашро касе намедонад. Хола Наврӯз мегӯяд:

пешина
аз 473
навбатӣ