Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Ма сӣ сол доштум, ки да иҷа ба кор омадум, ӯ сол оғо уштук буд.
    Хола ҳоло 75-сола аст, пас синни он “уштук” бояд аз чиҳил гузашта бошад. Ин ҷо касе соли таваллуди худро намедонад, кампири ҳафтодсола даъво мекунад, ки панҷоҳ сол дорад ва зани сисола мегӯяд, ки “валлоҳ, 18 солам аст.” Вақте Фаришта синни воқеии худро ба занҳо гуфт, хонуми Марзия, зане, ки аз деҳа барои кор ба хонаи оғо меояд, бо оҳанги ҷиддӣ гуфт:
  • Фариштаҷон чиро синну солта ба ҳама мегӣ, бугӯ, бист сол дорӣ, ҳама боваруш меша.
    Вале оғо воқеан аз синну солаш ҷавонтар менамояд, шояд ба ин далел, ки ӯ аз пусту мӯи худ бисёр муроқибат мекунад ва баста-баста крему гулобҳои шифоӣ мехарад.
    Ӯ шефтаи хусни худаш аст, ҳеҷ хонае дар ин сохтмон ба андозаи хонаи ӯ оинаи бисёр надорад ва ҳеҷ зане аз зоҳири худ ба андозаи ӯ муроқибат намекунад. Мегӯянд дар кадом донишгоҳи Ҳиндустон таҳсил кардааст, аз ҳуҷрааш ҳамеша садои мусиқии ҳиндӣ ба гӯш мерасад ва худаш низ монанди ҳунармандони филмҳои ҳиндӣ либос мепӯшад, монанди онҳо роҳ меравад, монанди онҳо риш мемонад ва мӯйҳои фирфирии чун қатрон сиёҳаш низ нусхае аз кадом бозигарӣ ҳиндӣ аст. Зоҳири ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба як тоҷири муваффақ, ки мероси аз падар мондаро дар як замони кӯтоҳ чанд баробар афзун кардааст, мувофиқат намекунад. Аз он чӣ Фаришта шунид, оғо дар Майдоншаҳр даҳҳо дукону фурӯшгоҳ дорад, як пояш дар Дубай асту пойи дигараш дар Бомбей, ба домдорӣ ва тавлиди маҳсулоти ширӣ машғул аст, заминҳои бузурги кишти полизӣ дорад ва маҳсулоти атторӣ ҳам тавлид мекунад.
    Аммо айёш асту атрофаш пур аз мардуми сарсарӣ, ки меоянду мераванд, ҳамнишини доимӣ надорад. Ӯ бо рафиқонаш баъзе шабҳоро бо нӯшонӯшиву қалёнкашӣ ва рақсу суруд ба саҳар мерасонад. Панҷараҳои боз дуди ғализи нашъаву тарёкро ба берун тела медиҳанд ва ҷавонакҳои навхат аз саисхонаи оғо дар пушти панҷара дӯди нашъаи арзонро мешаманд.
пешина
аз 473
навбатӣ