Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шопур ин нағмаҳои хоҷаашро хуш надорад ва шабҳои меҳмондорӣ дуртар аз дуду тафт бо ахмҳои гирифта рӯи ҳавлӣ қадам мезанад, вале ҳар лаҳза нидои “Шопур куҷостӣ”? - ро шунида, бо шиками дамида аз зинаҳои меҳмонхонаи оғо боло мехазад.
Гоҳо ба ин базмҳо писарони зансуратро даъват мекунанд, ки дар тан пероҳани занона доранд ва дар гӯшу гардан зару зевар. Бо чашмҳои сурмасо ва гунаҳои гулобӣ шабеҳи духтаронанд, танҳо муйҳои кӯтоҳашон писар будани онҳоро ошкор мекунад. Наврасони духтарсурат то субҳ сумбак мезананду синаҳои сохтаи худро меларзонанд ва меҳмонҳои шаҳватхоҳ аз шавқ ғирев мекашанд ва аз сари ин писаракҳо танга меафшонанд.
Дар чунин шабҳо хизматгорҳо чашм ба тирезаи хонаи оғо базми бепул тамошо мекунанд.
Гулоғо чаҳор дафъа издивоҷ кардааст ва ҳамаи занҳояш дар ҳамин сохтмон басар мебаранд. Бо се ҳамсари қадимиаш аслан сару кораш нест, аммо ба хонаи зани хурдӣ гоҳ-гоҳ сар мезанад.
Жило, зани бузурги Гулоғо ва хеши дури хола Наврӯз, як хонуми чиҳилсолаи болобаландест, ки аз пушт сарви равонро мемонад, аммо аз пеш як ҳайкали дар оташ сӯхтаро. Шояд замоне зани зебое буд, аммо акнун аз лоғарӣ пуст дар устухон дорад ва ҳусни азалияш об шуда, танҳо сояи он чун ниқоби тира дар устухонҳои барҷастаи чеҳрааш часпидааст.
Духтарамуи оғо аст, оғо ӯро дар пушторааш бузург кардааст.
Мегӯянд, ки Гулоғо маҷнуни Жило буд ва аз сар то пояш тилло мерехт, ӯро ба ҳар мамлакате, ки дилаш мехост ба сайру тамошо мебурд. Аммо баъд ишқи онҳо сӯхту хокистар шуд ва ҳарду аз якдигар хаставу дур. Жило дар ин хона ба касе кор надорад, на ҳукм меронад ва на талаби хизматгузорӣ дорад, мисли иҷоранишин аст. Гоҳ аз ҳуҷрааш берун меояд ва ба канизу хизматгорҳо меҳрубонона салом медиҳад, ҳолпурсӣ мекунад, гоҳи дигар бо мӯйҳои парешон ва як бари рӯсариаш ба қадаш овезон, аз паҳлӯи онҳо чун “арвоҳ” бесадо мегузарад ва касеро намебинад.

пешина
аз 473
навбатӣ