Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хола Наврӯз чизе намегӯяд, аммо хизматгорҳо миш-миш мекунанд, ки хонум тарёкӣ аст. Ӯ барои Гулоғо чаҳор фарзанд, се духтару як писар ба дунё овард, духтарҳояш баъди издивоҷ дар Дубаю Амрикову Конодо зиндагӣ мекунанд, аз фарзандҳо танҳо писараш Амир ба тиҷорат шавқ дорад ва дастёри падар шудааст. Фарзандони Жило қайсару густоханд ва бар сари падар нуфуз доранд. Ин аст, ки оғо ба ҳамсараш кордор нест ва касе ёд надорад, ки ӯ бори ахир кай дари ҳуҷраи Жилоро боз карда буд. Аз чаҳор ҳамсари гузаштаву ҳозираи оғо беозортарин ҳамин Жило аст. Бо Фаришта меҳрубон аст, шояд Хола Нарӯз ба ӯ чизе гуфтааст, ки рӯзе барои барои Фаришта як даста либоси наву кӯҳна фиристод.
Исми ҳамсари дуюми оғо Маҳваш аст, аммо бо чеҳраи дурушти пур аз доғ ва гавдаи чун баҳмут бузург, на аз моҳ бӯе бурдааст, на аз ваш рӯе. Ӯ шабеҳи ҳайкали нимсохтаи кунҷи устохонаи муҷассамасоз аст дағал, берӯҳ, носуфта ва пур аз чуқуру пастӣ. Маҳваши зиштрӯ аз хонаводаи бонуфӯзи пулдор аст ва ҳарчанд овозаи зиштрӯияш ба қову қавсар расида буд, падари оғо ӯро ба нишони оштии қавмӣ, аз ночорӣ ба никоҳи писараш даровард. Ҳафт шабу ҳафт рӯз тӯй доданд ва арӯсро бо корвони мошинҳои шик ба қасри оғо оварданд. Мегӯянд, ки шаби ақд оғоро бо чӯбдаст ба ҳуҷраи арӯс бурданд ва то саҳар дар дами дар посбон гузоштанд, ки мабодо нагурезад. Хола Наврӯз мегӯяд, ки дили мӯйсафед ба писараш месӯхт, Маҳвашро медиду гиребони тавба мегирифт, аммо аз қабилаи ӯ метарсид ва ҳар бор назорат мекард, ки бистари хонум сард намонад ва адолати хуфту хоб риоя шавад. Оғо бо дили нохоҳам ба ҳуҷраи ҳамсари дуввумаш мерафт, вале баробари по гузоштан ба остона чароғҳоро хомӯш мекард. Дилсардии оғо сабаб шуд ё иллати дигар, ки хонум безурёт баромад.

пешина
аз 473
навбатӣ