Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саранҷом, оғо илоҷи раҳоӣ аз ҳамхобагӣ бо Маҳвашро ёфт ва ӯро бо тавофи секаратаи хонаи Каъба хунсо кард.
Маҳваш се дафъа ба зиёрати хонаи Худо рафту унвони “ҳоҷибону”-ро гирифт ва акнун бо ҳамсараш аз пушти парда ҳарф мезанад. Оғо ҳам бо давр задани ҳуҷраи Маҳваш, роҳат бо зани ҷавонаш хилват мекунад.
Оне, ки дар ин ҳавлии бузург куртаро бо эзор ҷанг меандозад ва аз ҳеҷ берӯӣ ибо намекунад, Зарандуд - зани сеюми Гулоғо аст. Ҳамоне, ки Фаришта дар роҳи гармоба ӯро дида буд. Дар ҳусну малоҳат моҳро мемонад, қоматбаланд, камонабрӯ, пистадаҳон, аммо дар дасисаву дом гузоштан бар дигарон, касе бар пояаш намерасад. Оғоро бо зердастонаш ҷанг меандозад, хизматгорҳоро бо ҳамсарони пешини оғо, аз як ҳодисаи кӯчак хабари бузург месозад ва агар хабаре набошад, аз пеши худ хабар мебофад. Забони ширин дорад, шабеҳи мор аст, мисли мор беовоз пайдо мешавад, бо ноз ҳарф мезанад ва чун мор печутоб мехӯрад.
Зарандуд монанди ҳамсарони дигари оғо ашрофзода нест, пушту паноҳи мустаҳкам низ надорад, хоҳари дӯсти донишгоҳии Гулоғо аст. Падари оғо баъди издивоҷи писараш бо Маҳваши девсурат, ба хотири соф кардани гуноҳи худ, ба издивоҷи писараш бо духтаре, ки ба ҷуз ҳусн дороии дигаре надошт, иҷоза дод. Зарандуд торҳои нозуки қалби оғоро хуб омӯхт ва ӯро хеле дар нуги ангушт бозӣ доронд. Агар як хона одам ба як овоз мегуфт, ки Зарандуд шайтони дасисабоз аст, оғо бовар намекард.
Зарандуд аз оғо як духтари панҷсолаи маъюби модарзод дорад, ки гоҳо фиғони нимашабиаш мӯйро дар тани бошандагони қаср рост мекунад. Ҳамин кӯдак сабаб шуд ё дар воқеъ ишқи оғо ба занҳояш соату замони оғозу анҷом дорад, ки ин зани зебо низ аз даҳон афтид. Азбаскӣ ҷойгоҳи мустаҳкам надорад ва агар оғо бихоҳад дар як лаҳза паяшро аз ин хона меканад, ғайбату дасисаву шӯрандозӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба шӯру ғавғоро замонати бақояш дар ин хонадон медонад.

пешина
аз 473
навбатӣ