ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданХола Наврӯз мегӯяд:
- Ага ҷанги сеюми ҷаҳонӣ сар шуд, будонен, ки кори дасти Зарандуд аст.
Занҳои хизматгор он қадар аз оғо наметарсанд, ки аз Зарандуд ибо мекунанд. Мегӯянд, Шакило, ҳамон духтари хизматгорро, ки рӯяшро бо шоли сиёҳ мепушонад ва танҳо чашмони зебояш менамояд, Зарандуд ба ин рӯз гирифтор шуд. Якчанд сол пеш, дуруст замоне, ки Зарандуд ҳамсари дӯстдоштаи оғо буд, хонаводааш Шакилои наврасро ба ивази қарзи нопардохта ба оғо бахшид. Ҳузури ин духтараки ноз, ки пусти тираи махмалин ва чашмони чун оҳӯи рамида дошт, хоби Зарандудро ҳаром кард ва ҳамон моҳҳо буд, ки касе нимашабӣ ба рӯи Шакило осид пошид ва фиғони ӯ сохтмонро такон дод. Пӯсти рӯи духтар дар пеши назари ҳама об шуду ба пероҳанаш рехт ва танҳо гушти сурх боқӣ монд. Ҳама медонист, ки ин кори Зарандуд аст, аммо касе аз тарс садо баланд накард, ҳатто хола Наврӯз. Зарандуди морсурат ва морсиришт ваҳмро дар дили мурдуми қаср ҷо карда буд.
Аз ин чаҳор зан, ҳамсари воқеъии оғо Нағмаи 17-сола аст, ки соати тамомшавии муҳаббати оғо ба ӯ то ҳол тик-тик накардааст. Қадаш баробари қади оғо аст, пӯсти сафеду чашмони танги обӣ дорад ва ранги кабуд дар ин чашмони танг ҳусни ӯро ғайриоддиву ҷаззоб ҷилва медиҳад.
Хоҳарзодаи кадом қумандони номии Ҳазораҷот аст ва андозаи манзалати худро дар ин хонадон медонад. Оғо ӯро гоҳ-гоҳ ҳамроҳи худ ба меҳмонӣ мебарад ва занҳо ҳама ба тамошояш мебароянд, то алмосҳояшро ҳисоб кунанд. Бӯи атраш ҳавлиро пур ва Зарандудро девона мекунад. Аммо оғо аз ин зани ҷавон низ шабҳо ҷудо мехобад, ӯ гоҳ-гоҳ рӯзона ба ҳуҷраи Нағма сар мезанад.
Тасаввури хизматгорҳо, ки оғо алоқаи каме ба занҳо дорад, эҳтимол асос дорад. Нағма ҳам арӯси сӯхта кабоб нест ва хилвати шавҳарашро танҳо барои холӣ кардани ҷайбҳои ӯ дӯст медорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё