Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дурӯғ аст ё рост, баъзе занҳо миш-миш мекунанд, ки Нағма аз Амир - писари бузурги оғо хушаш меояд. Шояд дурӯғ бошад, ё шояд ҳам рост, дар ин хонадон ҳар иттифоқе имконпазир аст.
Фаришта худро аз занҳои оғо карнор мегирад, дар ҳавли бесадо роҳ меравад ва сайъ мекунад ба чашми онҳо нанамояд. Аммо ҳайҳот! Дар ин ҷо ҳам аз бало эмин намонд.
Фаришта ҳадафи хашми Маҳваш қарор гирифт ва нафаре, ки Маҳвашро ба ӯ шӯронд, “коко”, ё амаки Гулоғо буд.
Ҳашматулло, “коко”-и Гул-оғо, як марди занмурдаи тахминан ҳаштодсола аст, аммо исрор меварзад, ки баҳории имсол ба шаст қадам гузошт. Осори пириро дар ришу абрувонаш бо ҳино мепӯшонад ва мӯйрагҳои дар рухсораҳояш тури сурх танида, чеҳраашро бо ришу абрӯвонаш ҳамранг мекунанд.
Чашмони чуқур дорад, ангор, дар мағзи сараш фурӯ рафтаанд ва аз сурмаи барзиёдӣ дар зери абрувони сурхаш чун ду ҳалқаи сиёҳи берӯҳ метобанд. Бо салобат роҳ меравад ва носеҳона ҳарф мезанад. Вақте роҳ меравад, почаҳои шалвори васеъаш заминро мерӯбанд ва як гӯшаи дастори рахдораш чун тоҷи хурӯс дар теппаи сараш алвонҷ мехӯрад.
Ба ғайр аз оғову писараш ва Шопур аз мардҳо фақат ҳамин коко ҳақи вуруд ба қисмати занонаи ҳавлиро дорад ва ҳар вақт дилаш хост бе сулфаву “ё оллоҳ” ҳозир мешавад.
Аз рӯи нақли занҳои ошхона, Ҳашматулло се ҳамсар дошт, вале чашмаш ҳамеша ба сӯи занҳои бегона буд, ҳасрат мекард, ки аз дасти ин занҳои ҳар сол обистан, умре бистари гармро надидаст.
Хола Наврӯз мегӯяд, ки коко дар гузашта ягон-ягон ба ҳавлии занҳо сар мезад, рахтҳои чиркинашро меовард ё ягон ғизо фармоиш медод, аммо ҳафтаҳои ахир “визитҳояш” рӯздармиён шуданд. Хола тавре ба Фаришта нигоҳ кард, ки гӯё манзуре дошт.

пешина
аз 473
навбатӣ