Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз бозўям гирифту по ба поям қадам гузошт ва маро ба ҳуҷраи барҳавои равшану сафед раҳбаладӣ кард. Аз бўйи доруву дармон мешуд ҳадс зад, ки онҷо утоқи пизишкӣ аст. Утоқ якчанд дастгоҳ, як дуктури солманд ва як парастор дошт. Парастор ҳамеша моск мепўшид, аз ў чашмони олўмонанд ва гўшворҳои бузурги тиллоияш дар ёдам монд, чеҳраашро ёд надорам. Гумонам он моск бештар ба хотири барҷаста кардани чашмҳои зебояш буд. Аммо пизишкро ҳамеша ба ёд меорам, намедонам зинда аст ё на, соле, ки бо ў ошно шудам, синнаш марзи ҳафтодро убур мекард. Зани болобаланд буд, бо шонаҳои хамида ва мўйи решаҳояш хокистарӣ, ки мисли гандуми селзада инҷову онҷо месабзид ва пўсти сарашро ба вузўҳ нишон медод. Мансубияти миллиашро ба сахтӣ мешуд ҳадс зад, бо забони тоҷикии омехта, ба русӣ суҳбат мекард. Аз зери айнаки бузург, ки тақрибан ниме аз сураташро мепўшонд, бо чашмони ба ҳам наздик сар то пойи маро мисли дастгоҳи рентген нусхабардорӣ кард ва бе он ки аз худам чизе бипурсад, рў ба Асал овард:
– Чандсола аст?
– Қариб шонздаҳ...
– Худои ман...ин ҳоло бача аст.
– Гуфтӣ гистерэктомия шудаст?
– Бале, ҳудудан даҳ рўз пеш.
– Хмм...Это точно?
– Садаф медонад чи мегўяд.
Ман аз ин муколамаи номафҳум сар дар намеовардам ва бо чашмҳои пур аз тарс гоҳ ба яке нигоҳ мекардам, гоҳ ба дигаре.
Духтур ба манзури «нигарон набош» мижа ба ҳам зад ва гуфт, ки рўйи нимкат дароз бикашам.

пешина
аз 313
навбатӣ