Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Соҷидаи Мирзо
Хонандаи азиз, агар тарафдори достонҳое ҳовӣ аз чархишҳои сарнавишт, арзишҳои отифӣ ва ахлоқӣ, печидагиҳои равобити инсонҳо, бо як фарҷоми ҳайратангез ва ғайри қобили пешбинӣ ҳастӣ, пас ин китоб барои туст!
«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст.
Қаҳрамонҳои ин достон, бо моҷароҳои гўшношуниди худ, ба умқи рўҳи хонанда нуфуз мекунанд, ўро аз оғоз то ба охир дар ҳаяҷон нигаҳ медоранд ва ҳатто баъди баста шудани сафҳаи ахири китоб низ муддатҳо бо ў зиндагӣ мекунанд.
Дар маркази ин достон сарнавишти як духтари ноболиғ қарор дорад, ки хеле зуд ба фурўмоягии инсонҳои атрофаш рў ба рў мешавад ва ранҷҳои номуносиб ба синну солашро аз сар мегузаронад. Ин роман низ, монанди достонҳои қаблиии Соҷидаи Мирзо, аз усули «реализми ҷодуӣ» бархурдор аст, ки дар қолиби як рўҳи саргардон зоҳир мешавад ва асарро ҷаззобу шигифтангез мекунад. «Наҷво дар гўши бод» хонандаро ба ин илқо мекунад, ки шуҷоъ бошад, дар сахтиҳо аз ҳам напошад, чун ҳеҷ чиз дар ин дунё барои ҳамеша яксон намемонад.
«Дар зиндагӣ розҳое вуҷуд доранд, дарднок дилхарош, таҳқиромез, розҳое, ки каромати инсониро ба хок яксон мекунанд, розҳое, ки наметавон ба касе гуфт, магар бар гӯши бод, то он асрорро ба дуриҳо бубарад ва дар ғорҳои тираву тор гӯр кунад.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё