Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Асал аз ман дур намешуд ва баробари анҷоми муоинаи сонографӣ нигоҳҳоеро бо пизишк радду бадал кард.
Ин ду нафар бо ишораи чашм бо ҳам ҳарф мезаданд ва зеҳни якдигарро мехонданд, шояд ба ин далел, ки ҳамкорони дерин буданд ва ҳам бо қазияҳои ҳассос сару кор доштанд.
Пизишк хам шуду гунаамро бо пушти панҷааш навозиш кард:
– Натарс, духтарам, ҳама чиз хуб мешавад, захм дар ҳоли беҳбудӣ аст, бахияҳоро дертар мебардорам.
Сипас рў ба парастор овард ва дастур дод, ки як доруйи дигарро ҳам ба қатрачакон илова кунад.
Пас аз ҳуҷраи мисли яхчол сард ва намкашидаи Садаф баданам аз ҳавои гарму нарми утоқи пизишкӣ роҳат мекард, шаб дуруст нахобида будам, саҳар низ пеш аз тулўи офтоб ба инҷо расидем, ин буд, ки ноаён зери қатрачакон хобам бурд.

Вақте роз дигар роз нест...

Найсон аз мулоқот бо Диловар наздики зуҳр баргашт, изтироб дошт, вақте аз таксӣ берун меомад як лаҳза гиҷ шуд, ки оё дуруст пиёда шудааст ё хайр. Тунд-тунд нафас мекашид ва лабҳояш аз фарти таби дарунӣ тарак мехўрд.
Ранги сураташ мисли гаҷ сафед шуда буд ва доғҳои бордорӣ дар он ранги сафед мисли тиккаҳои лой ба назар меомад.
Чашмонаш ба андозае боз буданд, ки ингор сафедиаш дошт анбияи сиёҳро фурў мебурд.
Ў дами дар бо модарбузургаш сар ба сар зад, пиразан азми рафтан дошт ва барои худоҳофизӣ сўйи наберааш оғўш боз кард, аммо Найсон бо кароҳат аз ў рўй баргардонд.

пешина
аз 313
навбатӣ