Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Табаш чил аст...
– Доруи даркориро дар ин ҷаъба гузоштам, барои чизҳои беаҳамият бо ман тамос нагир, шумораамро вақте бигир, ки агар натавонӣ мушкилро ба танҳоӣ ҳал куни.
Фаҳмидӣ? Дар садояш оҳанги амру фармон, таҳдид ва ҳамзамон тарсу нигаронӣ шунида мешуд. Ман ин оҳангро мешинохтам. Пушт ба ман ҳарф мезад, аммо зоҳири ўро ба вузуҳ тасаввур мекардам, гўшаҳои аз хашм ва танаффур баланд шудаи абрўвонашро, лабҳои фишурда ва чашмонеро, ки аз онҳо ҷариқаҳои нафрат мепарид.
– Бароят мураххасӣ навиштам, дар ҳоли ҳозир барои як ҳафта, идомаашро мебинем... вобаста ба шароит амал мекунем.
Парастор мутеъона сар такон дод, сипас холаро бо он мард то дами дар бадрақа карду ба утоқ баргашт. Ман аз дарду таб меларзидам. Ў дар паҳлўям рўйи замин чорзону зад ва моеъи шаффоферо ба раги дасти чапам тазриқ кард, хеле ором ба назар мерасид, гўё пинҳонкориҳои мисли имшабро борҳо таҷруба кардааст.
Ҳанўз сўзан дар рагам буд, ки сўзиши шикамам коҳиш ёфт, дигар на дарде доштам на ғаму афсурдагие, ингор дар батни модарам будам, пилкҳоям ором-ором ба ҳам омаданд.
Намедонам чи қадар бехуду беёд хобидам, замоне чашм кушодам, ки парастор ҳанўз хоб буд ва агар домани хилъаташ аз зери кўрпа наменамуд, гумон мекардам, ки кайҳо баланд шуда ва рахти хобашро мураттаб кардааст.
Он қадр наҳифу лоғар буд, ки гумон мекардӣ зери он пату ҷони зиндае вуҷуд надорад.
Наздики зуҳр аз ҷогаҳ берун омад ва ман ўро дар рўшноии панҷара дурустар варандоз кардам.

пешина
аз 313
навбатӣ