Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Масъулияти падарам бо ноноварӣ маҳдуд мешуд.
Кори сангине надошт, як ҳисобдор буд, босалобат ба хона бармегашту рўйи кўрпачаи нарм дар такяи болиштҳои пари қў мисли шер дароз мекашид ва модарам ба хизмати ў камар мебаст. Дар муносибати онҳо бўйи ишқу алоқамандӣ эҳсос намешуд, ё шояд буду ман намедидам, аммо ба якдигар эҳтиром мегузоштанд, мисли хешони наздик буданд.
Ман хеле зуд издивоҷ кардам, ба гуфти дугонаам Марзия, он қадар зуд, ки муҳри хатми мадраса ҳанўз дар шаҳодатномаам нахушкида буд.
Ҳаждаҳсола будаму ҳеҷ рўъёе надоштам! Ҳатто наметавонистам хаёлпардозӣ кунам. Танҳо барномае, ки аз бачагӣ дар зеҳнам ҷой мекарданд, издивоҷ буд. Аз ҳамон даврони кўдакӣ бо ҳамон сандуқи филизӣ, ки модарам дар он дона-дона бароям ҷиҳези арўсӣ ҷамъ мекард, ба издивоҷ омода мешудам, гузинаи дигаре надоштам. Модар мегуфт:
«Солҳо хеле зуд мегузаранд, бояд бароят ҷиҳези арўсӣ таҳия кунем, то мавриди таънаву сарзаниши ақвоми шавҳарат қарор нагирӣ».
Ҳамсари ояндаамро намедонистам, мегуфтанд ятими дари хонаи амак аст, азбас боҳўшу зирак ва корчаллон буд, хеле зуд соҳиби хонаву дар шуд. Ў ҳам маро намешинохт, аксамро диду хушаш омад. Аз ман напурсиданд, ки оё он мардро мехоҳам ё не, ҳамсари оядаамро танҳо пушти чодари арўсӣ дидам.
Ман заношўии дигареро ба ҷуз шеваи зиндагии волидонам намедонистам, аз ин рў дар ойиладорӣ шудам айни нусхаи модарам ва сарнавишти ўро нуқта ба нуқта такрор кардам, бо тамоми бори рўзгор, ошпазиву рахтшўӣ, поккориву дўзандагӣ ва худро ба ҳамсар назр кардан. Танҳо бо як истисно, падари ман ҳарчанд марди навозишкор набуд, аммо ҳаргиз дасти бизан надошт, ҳамсарам асабонӣ ва бераҳм буд, агар аз ҷойи дигаре нороҳат мешуд, қаҳрашро бар сари ман мерехт, баҳонаҷўйӣ мекард, як лаккаи кўчак дар кафш ё як чин дар пероҳани утушуда метавонист далели силие маҳкаме дар баногўшам шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё