Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Наҷво дар гӯши бод
«Дар зиндагӣ розҳое вуҷуд доранд дарднок, дилхарош, таҳқиромез, розҳое, ки каромати инсониро ба хок яксон мекунанд, розҳое, ки наметавон ба касе гуфт, магар бар гўши бод, то он асрорро ба дуриҳо бубарад ва дар ғорҳои амиқ пинҳон кунад. Ман инро дар паноҳгоҳи занон кашф кардам, дар лабони бастаи занҳое, ки ногаҳон ба ҳошияи зиндагӣ афканда шуданд.
Асал маро баъди муоина ба як ҳуҷраи бузургу нимахолӣ раҳбаладӣ кард. Ҳуҷра дар ошёнаи дуюми ҳамин бино ҷойгир буд ва мисли хонаҳои қадимӣ сақфи баланд дошту панҷараҳои бузурги дутабақа.
Ин макон бо анбўҳе аз брашур ва китобҳои кўчаки ҷайбӣ, шиорҳои таблиғии рўйи девор, бо портрети мутафаккирони бароям ношинос, шабеҳи як маҷлисгоҳ буд, то як манзили иқоматӣ.
Қисмати наздик ба дари вурудӣ бо мизи тўлониву чанд сандалӣ, коғазу худкорҳои рўйи миз, зоҳиран барои ҷаласаҳо истифода мешуд, агарчи дар тўли будубошам дар ин макон, ёд надорам касе инҷо ҷаласае баргузор карда бошад. Ҳуҷра бо чаҳор тахти хоб, комодҳои кўчак ва яхчоли баландиаш каме бештар аз як метр, барои «беморон» тахсис ёфта буд. Дар ин паноҳгоҳ занҳои ниёзмандро «бемор» мегуфтанд. Ҳақ бо онҳо буд, чун бошандагонаш бо чеҳраҳои сиёҳу кабуд аз шаллоқ, бо қалбҳои шикаста, эътимоди аз даст рафта ва ояндаи номушаххас, ҳамагӣ бемор буданд... ва замон мебурд, то аз ин маризиҳо шифо ёбанд. Чӣ мегуфтам? Ҳо, ҳуҷраро тасвир мекардам: дар гўшае ҷевони қадимии холӣ аз либос, як рафаи чўбӣ бо чанд китоби дастнохўрда ҷойгир буд ва як телевизори кўчаки аз барқ ҷудо, ки эҳтимол вазифа дошт ба ин утоқ зоҳири маскунӣ бидиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё