Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

писарашро мисли бут мепарасид, муддатҳо пеш мегуфт:
«Писари ман бояд дар хориҷа таҳсил кунад». Ҳамин тавр ҳам шуд, Шаҳбозро барои таҳсил ба Аврупо фиристод.
– Борон, хоҳаракам, номаро ба ман бидеҳ, қавл медиҳам, бознокарда ба Шаҳбоз мерасонам.
Найсон тобиши беэътимодиро дар чашмони хоҳараш диду ба ў наздик шуд, ҳалқаи мўйи марғулаашро аз фарози чашмони обиаш баланд кард ва бо илтиҷои посухи мусбат ба ў чашм дўхт.
Борон саранҷом об шуд, вале дар ҳоле, ки номаро аз зери бағал берун меовард, боз ҳам боҷситонӣ мекард.
– Танҳо бо як шарт, ба Шаҳбоз мегўям, ки модарам барояш паём гузоштаст.
– Бошад, аммо ҳоло на, бимон ду-се рўз гузарад, дарду андўҳаш фурўкаш кунад, баъд ману ту ин номаро ба дасташ месупорем, чӣ гуфтӣ хоҳар?
– Бошад... ҳарчи ту бигўӣ, – каломи Борон дар гўши хоҳараш номутмаин садо дод, аммо ҳоло дигар илоҷ надошт.
Ба маҳзи баста шудани дар Найсон оҳи сабук кашид ва ангуштонашро, ки монади шохакҳои ҳаштпо ба покет часпида буд, суст кард. Бо худ гуфт: «гумон аст Борон то бегоҳ хомўш бимонад». Ба тахти хоб нишасту покетро рўйи зонувонаш гузошт, тардид дошт, медонист, ки дар ҳаққи додараш ноинсофӣ мешавад, аммо як эҳсосе ба ў мегуфт, ки Моҳистон дар ин нома розҳоеро ба писараш гуфтааст, ки ба духтаронаш намегуфт.
Саранҷом васвасаи кунҷковӣ бар Найсон пирўз шуд ва ў мисли фарде, ки зиндагии ҳамсояашро бо хиҷолат аз сўрохи калид тамошо мекунад, часбро аз даҳони нома бардошт...

пешина
аз 313
навбатӣ