Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар то ба ҳол ба як дарсади ҳарфҳои Диловар шубҳа дошт, акнун он дар сади ночиз низ бо дидани ин тасвирҳо ботил шуд.
Рўйи мизи канори тахти хоб акси дигари Санамро дид, бо либоси мактабӣ ва бо як бағал садбаргҳои сафед. Аз байни лабони нимабоз ҷойи холии дандонҳои шириаш намоён буд, шаш ё ҳафт сол бештар надошт. «Духтарам қадам ба синфи як гузошт, Худоро шукр, ба ин рўз расидам». Найсон ҳусни хати модарашро шинохт. «Рўзҳои ахир ҳавсалаи аз ҷой баланд шудан надошт, пас чи замоне тавонист ин ҳамаро ҷамъоварӣ кунад, портрет бисозад ва ноаён ба девор овезад!? Ё ин аксҳо дергоҳ инҷо буданд, фақат ман кўр будаму онҳоро намедидам?»
Дар девори канори тахти хоб, ҷойи аз ҳама чашмрас тасвирҳое аз даврони зиндагии Санам – аз кўдакӣ то наврасӣ насб шуда буд. Дақиқан дар нуқтае, ки чашмҳои Моҳистон рў ба ҳамон аксҳо бозу баста мешуд. Найсон сайъ кард ба хотир биёрад, ки ҳафтаи гузашта вақте ҷасади сардшудаи модарашро дар ин тахт пайдо кард, чашмони бози ў ба куҷо нигоҳ мекарданд? Аммо чизеро натавонист ба ёд биёрад, зеро дастпоча шуда буд, охир он чашмҳо намехостанд баста шаванд.
Аксҳои баргузида ҳокӣ аз як даврони шоду бедағдағаи кўдакии Санам буд. Дар он тасвирҳо ў бо пероҳанҳои зебо, мўйҳои фирфириву рубонҳои атлас шодии худро рў ба дурбин нишон медод, чашмҳояш аз хушҳолӣ барқ мезаданд, ғунчаи лабонаш аз ханда мешукуфт ва даст аз даври гардани хола барнамедошт. Аз ҳар тасвир шуълаи саодати воқеъӣ тулўъ мекард. Нигоҳи Найсон ором рўйи аксҳои дигар лағзид, аксҳои ду-се сол баъд... Санам дар он он тасвирҳо низ механдид, мерақсид, сар ба шонаҳои хола мегузошт, аммо дурбинро намешуд гўл зад... Ҳузне дар чашмонаш хона карда буд, ки сол ба сол, аз тасвир то ба тасвир ҳамроҳи ў бузург мешуд ва оқибат тамоми чашмонашро фаро гирифт.

пешина
аз 313
навбатӣ