Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин ашхос аз ақрабои Паёмбари акрам (с.а.в.) ҳастанд ва ҳатто, Паёмбар (с.а.в.) дар ин маврид мегӯяд, ки агар онҳо худашон ҷони худро имрӯз харидорӣ макунанд, пас, он рӯз, ҳеҷ кас ба онҳо кумак карда наметавонад.

Мо бояд тӯшаи охирати худро худамон имрӯз омода созем ва ғами ҷони худро имрӯз хӯрда бошем, вагарна пагоҳ дери бад мешавад.

Ва дигараш он ки мо бояд донем, ки мо худамон ба корҳои кардаи худ, ба ҷавобгарӣ кашида мешавем.

……….

  1. Оид ба масоили дуо намудан дар вақти саҷда овардан ба Худованди карим.

Беҳтарин фурсат, ки бошӣ бо Худо,
Сар фурӯ дар саҷда дор, - гуфт Мустафо.
Чунки, гар хун бар сар ояд, фикри бад,
З-он хуни нав, бетакаллуф, мерамад.
Ҷойи ӯро фикри тоза пур кунад,
Он фазои холиро пурнур кунад.
Чун фазо пурнур шавад нур андар он,
Дар уфуқ пайдо шавад он Меҳрбон.
Нур ъало нур аст Худо в-ӯ мазҳар аст,
Нури ӯ аз он ҳазор равшантар аст.
Нури шамъу нури шамс дар назди ӯ(ш),
Дар қиёс бошанд каме бозорфурӯш.
Дар раффи суқ мисли себи беҳтарин,
Тозарӯву мушк дорад анбарин.
Чун алов тобад зи фарсангҳои дур,
Рост гирад бо ту ахтар, ай манур.
Чун бувад наздик Худо дар саҷдагоҳ,
То тавонӣ мағфират пурс аз гуноҳ.
Дар дилат гар сад ҳазор матлаб бувад,
Беҳ бувад дар саҷдагоҳ бар лаб бувад.
Сар фурӯ бар, саҷда ор баҳри дуо,
Баҳри шукру ҳамду гуфтор бо Худо.
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо
(с.а.в.) боре чунин фармуд: “... ақрабу мо йакуну-л-ъабду мин раббиҳӣ ва ҳува
соҷидан; факсиру ад-дуъо”, яъне, “... банда дар ҳолати саҷда, бештар аз ҳар

пешина
аз 175
навбатӣ