Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

вақти дигаре ба Худованд наздиктар аст; пас, дар он (вақт) бисёртар дуъо
кунед”

Бале, чунин ҳам ҳаст, дӯстам, ки чун дар Ояте фармуда: “... васҷуда ва-қ-тариб”
(Сураи “Аъло”), яъне, тақриб кардан бо Худованд, яъне, наздик шудан ба
Худованд имконпазир аст, гар бандааш саҷдаро ба ҷо орад.

Ва чун қарибиро бо Худованд риоя кард, пас, бемуҳобо, фурсате беҳтарин фароҳам гардад, ки инсон он чиро, ки дар дил парвардааст, аз Худованди зулҷалол бипурсад, чун Худованд худ ваъда кардааст: “... удъунӣ, астаҷиб лакум” (Сураи “Ғофир”), яъне, “... бипурсед аз ман ва ман онро (ҳатман) бароятон мустаҷоб мекунам”, яъне, қабул ва иҷро мекунам.

……….

  1. Оид ба масоили сохтани масҷид ва аҷри он.

“Он ки масҷид мениҳад” - гуфт Мустафо,
“... масҷиде созанд барош дар он саро!”
Некии ҷорист банои ҷалсагоҳ,
Ки тавонад манъ кунад аз ҳар гуноҳ.
То қиёмат номааш би(и)стад кушод,
Ҷони ӯ дар он саро гардад рашод.
Камтаре гар масҷидаш ояд ба кор,
Даҳ баробар медиҳад аҷр Кирд(у)гор.
“Як зи туву даҳ зи ман” қавли Худост,
Дар ҳисобу дар ҳақиқат, ин рост.
Низ васеътар барнигар бар ҳарфи ин,
То бибинӣ маҳлуле дар зарфи дин.
Об бошад ё ки май андар замир,
Ё ки бошад дурд, хуфта чун хамир,
Ё ки бошад шир андар синааш,
Ё ки бошад холӣ он ду дидааш?
Гар чунин аст шарти таҳлил, ай фато,
Рост нигар бар маъниҳояш, на хато.
Чист “масҷид”? – Саҷдагоҳ! “-гоҳ”-аш чӣ аст?
Чист “саҷда”? – Дар намоз аст... Боз чӣ аст?
Т-он даме чун ҳиҷраташ воҷиб машуд,
Дар кадом “масҷид” мекард ӯ суҷуд?
Назди хайма, дар биёбон, байни кӯҳ,
Ё ки буд масҷид дар киштии Нуҳ?
Ман, чу донам, дӯсти ман, ақлат баҷост,
Гар мабошам ман, лек бо ту Худост!
Бар сари маънии “масҷид” гашта, ман
Кардаам аз ину он борҳо сухан.

пешина
аз 175
навбатӣ