Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

“З-оташи Дӯзах диҳед худро наҷот,
Чун зи дастам кор наояд рӯзи мот.
Нури чашмам, духтарам, низ ту бидеҳ
З-оташи Дӯзах наҷот ин ҷон, беҳ!
Бори дигар мекунам таъкид, ки ман
Нестам молик дар он анҷуман.
З-ин лиҳоз аз дасти мо н-ояд чизе,
На наҷоту, на ки кумак бар касе”.
Ин дуруст аст, дӯстам, дар рӯзи ҳашр
Ҳар ки нек кард, нек бинад, на ки шар.
Ҳар ки бад кард, бад бигирад ӯ ҷазо,
Ин бувад шарт байни мову он Худо.
Ҳар касе масъул бувад бар кори хеш,
Мунтазир аст кардаро суҳбат, на беш.
Он, ки нек кард, суҳбати ёрон кунад,
В-он, ки бад кард, суҳбат бо морон кунад.
З-ин сабаб, ҷонро наҷот деҳ ту кунун,
То магардад чашми ҷонат пур зи хун.
Тӯшаро омода соз имрӯзу бар
Назди Эзид мояро дар рӯзи ҳашр.
Ту магӯ фардо кунам, чун эҳтимол
Ин даме бишкаста гиранд аз ту бол.
Мутмаин мебош ба ҳозир, на пагоҳ,
Чунки ҳозир зиндаӣ дар чашми мо.
Бин, чӣ гуфт ин Мустафо бо духтараш?
Натвонад буд дар он рӯз бар сараш.
Натвонад ӯ наҷот дод Фотимаро,
Пас, чӣ гӯям аз туву ӯ, ё маро?!
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.), вақте ки Ояти “... ва анзир ъаширатака ал-ақрабин”, яъне, “... ва битарсон ақрабои (хешу табори худро) худро” нозил шуд, онҳоро ба назди худ даъват кард ва чунин гуфт: “... ё Бани Каъб бин Луъайин, анқизу анфусакум мина-н-нор!...”, яъне, “... ай фарзандони Каъб бин Луъайин, ҷонҳои худро аз оташ наҷот диҳед! (яъне, аз оташи Дӯзах).

Бо ҳамин суханон Паёмбари акрам (с.а.в.) ба Бани Мурра, Бани Абди-ш-шамс, Бани Абдиманоф, Бани Ҳошим, Бани Абди-л-мутталиб ва ҳатто, ба духтараш, Фотимаи заҳро муроҷиъат мекунад ва суханони худро чунин ба итмом мерасонад: “... фаиннӣ ло амлику лакум мина-л-лоҳи шайъан, ғайр анна лакум раҳиман саабуллуҳо бибалолиҳо”, яъне, “... зеро ман дар баробари Худованд ҳеҷ коре барои шумо наметавонам анҷом диҳам, бале, шумо хешовандони ман ҳастед ва ман ин риштаро қатъ намекунам”.

Бибин, дӯстам, ва таваҷҷуҳ бикун, ки Паёмбари акрам (с.а.в.) чиҳо гуфта
истодааст? Яъне, мегӯяд, ки сарфи назар аз он ки шумо хешовандони ман ҳастед, ва ҳатто, ту, - Фотима, ки духтари ман ҳастӣ ва сарфи назар аз он ки ман ин риштаи хеширо бо шумо ҳеҷ гоҳ қатъ нахоҳам кард, агар ҷони худро наҷот надиҳед, он рӯз аз дасти ман коре намеояд.

пешина
аз 175
навбатӣ