Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сипас, Паёмбари акрам (с.а.в.) дастҳояшро баланд сӯи осмон бардошту фармуд:
“... Оллоҳумма! Умматӣ, умматӣ...”, яъне, “... Илоҳо!, Умматам,
умматам...” ва гиря кард.

Дар он ҳол, ки Худованд аз сирри гиряи Муҳаммад (с.а.в.) бохабар буд, боз ҳам ба назди ӯ ба зудӣ Ҷабраилро (а.с.) мефиристад ва мепурсад, ки чаро ӯ гиря мекунад?

Ҷабраил (а.с.) инро аз Паёмбар (с.а.в.) пурсида мегирад ва иллати гиряро ба Худованд мерасонад. Худованди меҳрбон бошад, ин дам, ба Ҷабраил (а.с.) чунин мефармояд: “... Ё Ҷибрил! Изҳаб ило Муҳаммадин фақул: санурзийка фӣ умматика ва ло насуъука!”, яъне, “... ай Ҷабраил! Ба назди Муҳаммад бирав ва бигӯ: Мо дар бораи умматиёнат туро хушнуд хоҳем сохт ва боиси ҳузну андӯҳи ту нахоҳем шуд”.

Бибин, дӯстам, ки мартабаву манзалати Паёмбари акрам (с.а.в.) дар назди Худованд то чӣ андоза баланд будааст, ки танҳо барои хотири хушнудии ӯ, Худованд омода аст, ки гуноҳони умматони ӯро мағфират бикунаду Паёмбарро ба ҳеҷ ваҷҳ нороҳату андӯҳгин масозад.

Ва дигараш ин аст, ки то чӣ андоза Паёмбари акрам (с.а.в.) бар умматони худ дилсӯз буд ва ҳамеша беҳбудии онҳоро аз Худованди карим, гирякунон, талаб мекард.

Ва саввум, ин оид ба масоили дуъо ва қудрати дуъо, ки ҳамеша мустаҷоби даргоҳи Ҳақ аст.

Ингуна Паёмбари дилсӯзу Худованди меҳрбонро ва ин асбоби осонтарини пурсишро боз аз куҷо меёбӣ?!

Оллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад!

……….

  1. Оид ба масоили раҳму дилсӯзӣ ба ақрабо (мин ҷумла ва дар чаҳорчӯбаи маънии ин ҳадис, бар дӯстону ёрон) тавассути бим додану огаҳонидану тарсонидан аз оташи Дӯзах.

Дар ҳадис омад, ки рӯзе Мустафо,
Ҷумла хешонро бифармуд назди по.
Он, ки омад, назди по-ш мухлис шуд,
В-он, ки н-омад, аз хабар мублис шуд.
З-ояте ӯ хонду кард рӯй бар ъашир,
Қавмҳоро огаҳонид он хабир.
Аз Бани Каъб то Бани Шамс, то Маноф
Ҷумларо як-як бихонду кард васоф.

пешина
аз 175
навбатӣ