Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин ҳадис аз мо ту бишнав, ай халил,
З-он чи пурсид ӯву омад аз Ҷалил.
Чун ҳабибаш гиря карду даст бурд,
Ҷумла мот гашту зи ин ҳол вақт мурд.
Лаҳзаҳо аз давр бимонданд он замон,
Вақт чу истод, шах бимонданд махлуқон.
Парда байни ошиқон бардошта шуд,
Сирри Маҷнун з-ашки вай анбошта шуд.
Чун Муҳаммад (с.а.в.) низ ятим буд, з-амри Ҳақ
Арши ӯро ларза бигрифт, дақ-дақ.
Гарчи медонист Худо аз сирри кор,
Зуд бифармуд Ҷабраилро пеши дор.
Гуфт бирав назди ҳабибам пурс боз,
Аз чӣ гиря дораду дар дил роз?
Зуд фуруд омад ба назди Мустафо,
Гуфт салому пурсид ӯро аз ҷафо.
Ӯ бипурсид з-он ҳабиб аз сирри ғам,
Лек шуниду худ бигашт аз гиря нам.
Ин расид бар гӯши Ҳаққу гуфт рав,
Ҷибриило, рав ба наздаш, зуд дав.
Гӯ, ки хушнуд мешавем аз умматат,
Чун назар дорем зи ту дар шафқатат.
Мо зи ту хушнуд шавем дар он замон,
Беҳтарин уммат зи ту аз дигарон.
Боиси андӯҳи ту хоҳем машуд,
Ин ҳама меҳрбонӣ, пас, баҳри кӣ буд?!
Ғам махӯр, ай ғамхӯри шӯридаҳол,
Ин наяст дар назди мо з-амри муҳол.
Баҳри хушнуд шуданат хушнуд кунам,
Умматонатро ҳама беҳбуд кунам.
Гар шафоъат пурсӣ аз ман, мустаҷоб
Мешавад бар умматони аҳли боб.
...

Абдиллоҳ писари Амрив, ки писари Ъос (хушнуд бошад Худованд аз онҳо) ривоят мекунад, ки Расули акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) чунин оятеро, ки ҳовии қавли Иброҳим (а.с.) буд, тиловат кард: “... рабби иннаҳунна азлално касиран мина-н-носи; фаман табиъанӣ фаиннаҳу миннӣ”, яъне, “...
Парвардигоро! Онҳо бисёри аз мардумро гумроҳ кардаанд; Пас, ҳар кӣ аз ман пайравӣ кунад, аз ман аст”.

Ҳамчунин ва бар замми он, Паёмбари акрам (с.а.в.) ин сухани Исо (а.с.)-ро тиловат кард: “... ин туъаззибҳум, фаиннаҳум ъибадука; ва ин тағфирлаҳум, фаиннака анта-л-ъазизу-л-ҳаким”, яъне, “... агар онҳоро муҷозот кунӣ (яъне, азоб диҳӣ), бандагони ту ҳастанд; ва агар онҳоро мағфират намоӣ, дар ҳар ҳол, ту тавонову ҳакимӣ”.

пешина
аз 175
навбатӣ