Зеҳн
ОРИФНОМА

Дар китоби нави Мақсуд Ориф “Орифнома” масъалаҳои мубрами ахлоқии ҷомеаи имрӯз бо такя ба фармудаҳои Қуръони карим ва Ҳадисҳои Паёмбари акрам Муҳаммад (с.а.в) дар шакли назму наср шарҳу тавзеҳ шудаанд, ки барои дарки воқеии талаботи дини мубини ислом ва дур будан аз ҳар гуна хурофоту таассубот дорои аҳаммият мебошад. Китоб дар ду ҷилд омода шудааст. Инак, ҷилди якумро пазиро бошед.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 175 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо дар ин ҷо кам кунем, чун таъна шуд,
Чун азо дар кори мо бо манна шуд.
...

Абуҳурайра (р.а.) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам, Муҳаммад мустафо (с.а.в.) боре чунин гуфт: “... иснатани фи-н-носи ҳумо биҳим куфран: аттаъну фи-н-насаби ва-н-найоҳату ъала-л-маййити”, яъне, “... ду чиз миёни мардум ривоҷ дорад, ки дар ҳаққи онон куфр ба шумор меравад: таъна задан дар насаб ва навҳахонӣ бар маййит (яъне, шахси мурда)”.

Хуб, аввал ин аст, ки ин ахлоқи бад ҳазорсолаҳо ҷористу дар мақоми ривоҷ аст, ва аз падидаҳои ҷаҳолати инсонӣ маҳсуб мешавад. Ва алъон низ, мутаассифона, ин кирдор дар ахлоқи мардуми имрӯза роиҷ аст, ки аз рӯи гуфтаи Паёмбари акрам (с.а.в.), аз нишонаҳои куфр ва варзидани он маҳсуб мешавад.

Мутаассифона, кам нестанд он ашхос, ки нисбати насаби дигарон, яъне, нисбати авлод ва ё хонадони каси дигар ва дар кори онҳо айб мегиранд, ғайбат мекунанд, суханони паст мезананд, ҳол он ки айбу ғайбат кардани мардум аз хислатҳои инсони дӯзахист, ки нисбати онҳо, Худованди карим, мисол дар Сураи “Ҳумаза”, (“... вайлун ли-кулли ҳумазатин лумазатин...”), яъне, вой хондааст, ки аз навъи лаънату лаънатхонист.

Дуввум он ки сарфи назар аз фармудаи паёмбарон, мин ҷумла, Паёмбари мо (с.а.в.), навҳахонӣ, яъне, бо овози баланд, бо доду фиғон, бо ҷомадарриву мӯйканӣ, мусалмон набояд сари мурда ва ё тобути вай ва ё дар назди қабри ӯ ва ё дар ёди ӯ рафтор намояд.

Ин ашхос бояд бидонанд, ки ҷони инсон амонат буд, ки рӯзе бояд онро ба соҳибаш, ки Худованди қодир аст, баргардонад ва чорае ва ё касе нест, ки садди роҳи ҷонсупорӣ шавад, ки мо ҳама, чун дар Ояте омада: “... инно ли-л-лоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, яъне, аз они Худованд ҳастему ба сӯи вай, оқибат, равонем.

Ай бародар, ҷони мо аз моли ӯст,
Ончи дорем куллан аз амволи ӯст.
Мисли қарз аст: чун гирифтӣ, боз диҳӣ,
Чун надоштӣ, боз гардӣ чун тиҳӣ.
Чун гирифтан нағз бошад, пас, чаро
Вақти додан мекунӣ ин моҷаро?!

……….

  1. Оид ба масоили доштани як дуъои мустаҷоб аз ҳар паёмбар ва шафоъат хостани Муҳаммад (с.а.в.) барои умматонаш ва посухи Худованди меҳрбон ба ҳабибаш.
пешина
аз 175
навбатӣ