Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҳамин ҳодиса дар хонаи ман рӯй дод? Дурӯғ будагист, ягон гапи дигар шудагист.
— Рост, — гуфт бо ситеза Мушарраф ва аз падар рӯйтофт. Ранҷида буд аз ӯ. Падараш содда, дуздро монда паи ӯро мегирад. Гунаҳкор дар пешаш, ходачӯби гӯр барин истодаасту вай «дурӯғ будагист», ким-чиҳои дигаре мегӯяд.
— Кӣ ин корро кард? Кӣ? — Боз суол дод падар ва пой бар замин кӯфт, фарёд зад.
— Келинатон!
— Шарманда шудам, худо занад ҳамаатонро, касофатҳо, мурдорҳо! — Аҳли хонадонро дашном дод. Аз афташ вай бо ин мард савдои гароне дошт, беҳуда «аз даст рафт, тамом» гуфта сари зонувонашро намезад. Чӣ савдое? Фарзандон бехабар. Ба пирамард аён шуда буд, ки меҳмонро кӣ шарманда кард, ки вайро аз савдояш маҳрум гардонд. Вале ку забоне, ки келини шаттоҳу баддахонро «ту» гӯяд. Ана, вай дар рӯ ба рӯяш, чи хеле Мушарраф гуфт, ходачӯби гӯр барин чуҳт, дастонашро ба миён гузоштааст, лабони ғафс-ғафсаш мечӯшанд, сип-сиёҳ шудааст, гӯё ба таҳи рӯяш хокистар зада бошанд. Аз афташ, ҷанг мехоҳад доғе, ки мӯйсафед лаб кушояд, баъд рӯзашро бинад.
— Бобо, шумо дуздро монда паяшро нагиред, меҳмонро ман пеш накардаам, ба қуръон қасам мехӯрам, ба сари азизгиҳоям қасам мехӯрам, ман вайро пеш накардаам, рӯяшро бо куни дег сиёҳ мекунад Мушарраф. Сағераи худаш меҳмонро аз хона сур кард, «ту очаи мана гирифтӣ» гуфта ба сари вай мардак санг андохт, бо таёку дангал зад ӯро. Ҳама диданд, як ман не, ҳама! Тирезаҳоро шикаст, ҳавлиро хокпарчак кард. Бовар накунед, ана хона даромада бинед... — забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин як зани калон ҳунгосзанон ба гирӯя дар омад.— Дар ин хона ман рӯз надорам, ҷуми гап шавад, ман ганда, ман бадном, нони мехӯрдаам захр, хун мехӯрам...— Аз «ғаму алами» худ нолид янгааш... Ҳамсояҳоро шафеъ овард, ки Меҳрубон чӣ кор кард, айби ӯ. Як-ду нафар гуфтаҳои вайро тасдиқ карданд, гуфтанд, ки диданд, ӯ номаъқулиҳои зиёде карда...
Ба бобои Меҳрубон худо дода буд. Акнун медонист, ки аз кӣ аламашро гирад, «чӯби сустро кирм хӯрад» гуфтаанд дандон мегӯяд. «Ин сағера (Меҳрубон) дар хонаи ӯ ҷояшро ёфтааст, ҳар номаъкулие хоҳад, мекунад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё