Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ба сари ҳама зӯр, ба гуфтаи келинаш, аспакиро аз асп, пиёдаро аз по меафтонад ӯ..» Ба китфи Меҳрубон, ки худро паси модар паноҳ карда, аз ҳарос нафас намебаровард, чанг андохт. Устухонҳои китфаш ба хаёли кӯдак орд гашт, панҷаҳои бобо оҳан барин буданд, ангуштонаш анбӯрвор ба гӯшаш печиданд, ӯро аз таги дасти модар кашид, гӯшашро тофт, аз дарди ҷонгудоз чиррос зад, мор барин гирди бобо печид. «Оча, вой мурдам очаҷон! Халос кун, оча!...» Нидои имдодхоҳии кӯдак рӯзи равшанро ба назари Мушарраф тира гардонд, ҳеҷ ҷойро надид, худро болои тифлаш партофт. «Назанед, бас кунед, додо, дилатонро сиёҳ мекунам...» Падарашро тела дод, муйсафед паснокӣ рафт, қариб афтод.

— Худо занад меҳмононро, дафъу дору шавад, ба ман писарам азиз, шумо ба вай рӯз намедиҳед, шарм надошта вайро барои кадом як меҳмони касофататон. — дар ҳаққи меҳмон ӯ боз чӣ суханҳои қабеҳе ба забон оварданӣ буд, ки садои «уҳу», «уҳу...» сулфидани касе шунида шуд. Гашта бинад, меҳмони падараш— ҳамон марде, ки ҷанҷол аз пои ӯ хеста буд, суханҳои Мушаррафро шунид, лекин дар лабонаш ханда. Сӯи онҳо наомад ӯ. Падар ӯро дида дар чеҳрааш табассум омад, ҷонибаш давид.

— Шумо куҷо шудед? Аз рӯи шумо қариб ҳамаи аҳли хонаро кушта будам, аҳмақҳо, касофатҳо... Марҳамат, хуш омадед, биёед. — Падараш оғӯш кушод. Онҳо оғӯш ба оғӯш бо ҳам вохӯрданд. — Хайрият худатон омадед, худам аз паятон мерафтам, айби бачаҳо шудааст, нафаҳмидаанд, ба бало зананд, касофатанд инҳо...

Падари Мушаррафро гӯй ба асп савор карда буданд, аз шодӣ чеҳрааш гулгунтар мешуд. Аз афташ гуноҳи ҳамаи аҳли хонадон, гуноҳи Меҳрубонро ҳам бахшида буд. «Марҳамат, марҳамат», пеш-пеши меҳмон даромад, ҳар ду табақаи дарвозаро кушод.

Вазнин, ботамкин будааст, меҳмони падараш: аз ҷанҷолҳо наранҷид аз суханҳои қабеҳи Мушарраф ҳам, ки ҳозиракак шунида буд. Марди нек, хушхислат. Мушарраф ҳам бо писаракаш аз паси меҳмон ва падараш рӯ ба хона ниҳод.


Паси дарвозаашон аз аспу улов пур шуд. Гову гӯсфанд оварданд. Халтаҳои орд, биринҷ, сабзӣ, қанд...
Бӯғҷомаҳои калон-калони кӯпраю либосворӣ... Миёни

пешина
аз 399
навбатӣ