Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳавлӣ рӯи ҳам онҳоро тал чиданд. Ҳамсояҳо меомаданду меомаданд. Ҳавлии калонашон пур аз бачу каҷ, хешони дуру наздик.

— Мон, биёянд, бачам, тамошо кунанд, бинанд, ҳасад баранд, сӯзанд, чашмонашон мош барин барояд,— даҳони модараш аз ханда то бехи гӯшҳояш буд. Вай давом мекард: — Ба духтарҳои хона, ба худо, ин қадар тӯю тӯқуз, айнос намебиёранд. Бӯғчаҳои либосҳояшонро кушодам, дидам. Аз як куртаи атласи қиматбаҳо даҳто, булӯр, зарлайло, заратлас, мавҷи дарё, кундал, помбахт, симдору бесимаш... Э боз ким-чиҳои нестандарҷаҳон. Номи кадом яки онҳоро медонам? Намедонам. Чашмонам ранг зад. Тарки сарам кушода монд. Аз курта чилто... Палто, чемпер, туфлию камзӯлҳои симдӯзӣ... Бахудо талхакаф шудам. Одамони бою будаманд будаанд, ҳиматашон баланд. Дар духтариат либосу чизҳои орзукардаатро нав мебинӣ... Пагоҳ тӯй парчабурон, аз таг то тори қишлокро хабар мекунам. Биёянд, бинанд. Ё аввал, ё охир гуфтаанд. Батакдир, ба ризқ будай, ба ҷои хуб ғалтидӣ, бачам, аз падарат хурсанд шав. Охир коре, ки мардҳо кунанд, дигар аст. Он дафъа шӯкунии ту аз хевахеваи занҳо сар зада буд. Ба ҳамаш холаат гунаҳкор, вай туро бероҳа кард аз роҳ зад, ақлатро дуздид. То рӯзе тарам, дуои бадаш мекунам... Ана, акнун биёяду бинад, ки ин дафъа падарат туро чи хел шавҳар медиҳад... Ҳамаи ин аз обрӯи падарат, ба ҳурмати вай туро мегиранд, «духтари эшони Неъматуллои гулихайригӣ» гуфта бо мо хеш мешаванд. Набошад, дар қишлоқ зану духтар кам нест. Баъзе духтарҳо «шӯ» гуфта дилашон қиҷувак зада шиштаанд... Ту аз онҳо боло, — Модараш аз хурсанди кад-кад мепарид, аз таърифи домодшаванда монда намешуд. — Ба ман ҳам, ба Сулҳия, ба додару янгаҳоят, ба падарат ба ҳама ном ба ном якқадӣ сарупо...

Падараш аз болои ҷомаи дарози беқасаби кабуд миёнбанди сурхи навашро баста, дастҳояш паси бар гирди гову молҳо мегашт.

— Ана, духтарам, дидӣ, ман туро ба чӣ хел одам медиҳам... Аз сар то қадамат зару зевар мерезад, наълҳои кафшатро аз тилло мекунад. Аз ӯ рӯзу рӯшноӣ мебинӣ, дилат об мехӯрад... «Хоқи пои духтаронро ба дидаҳоям мемолам, амак», мегӯяд вай... Баъд қалин ҳам кирои гап задан, духтарам... — Мӯйсафед лабонашро аз ханда ғундошта наметонист. — Ҳисобаш ба дахон

пешина
аз 399
навбатӣ