Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

намеғунҷад, ба худат насиб кунад, як тини зардакаш ба ман лозим не... Худат хурсанд шав... Аз вай ҷанахсат чӣ дида будӣ! Ҷавонаи сесоли худамро кушта ба қавм ошу нон додам, аз худам сарф кардам, як пули зиёдатӣ надод, — падар шавҳарашро ба хотири Мушарраф овард. Дар ҳақиқат ӯ барои вай чизи кироие сарф накарда буд. Ҳамаи сарулибоси тӯёнаи ӯ дар паси як мошини сабукрав ҷо шуда буд. Либосвориҳои нағз ҳам наовард. Хоксорона буд тӯяшон. Аз пасаш дугонаҳо, модараш, холааш аз ҷое ба ҷое янга шуда рафтанд. Чӣ обу иззате диданд. Пешонаашон арақ кард. Ҳамаашон ба якқадӣ сарупо ҳақ доштанд. Аммо дар хонаи шавҳараш даст бурда, даст оварда пеши онҳо якҷуфтӣ калӯши сиёҳ монданду сафедӣ гуфта семетрӣ дока... Ба додаронаш, дусе марфар мардҳои аз қишлоқ рафта ҷома чӣ ки, ақаллан барои бинипоккунӣ як рӯймолчағӣ ҳам надоданд. Беодамгарӣ буданд хешовандони Нозимӣ... Коре карданд, ки ҳамааш таънаи пешонаи Мушарраф шуд. «Дидӣ, пеши шӯи ёфтаат чӣ қадру қиммат доштай?» — модар сазо дод ӯро. Ҳамин тавр шуда буд. Гилаи хешовандонаш аз хонадони шавҳари вай беҳуда набуд.

Аммо ҳоло ин одам ҳавлию хонаҳояшонро пур-пури молу чиз кардааст. Овардаҳои ӯ аз дару деворҳояшон баромада. Ҳамааш аз рӯи фармудаи падар. Ӯ чӣ ки хостааст, фармудаасту домодшаванда бардоштааст. «Ақиб намегардам амак, ман ҳамин хел харидор...» — хандидааст. Шайдою гирифтораш гашта будааст, аз ҳамон рӯзи тирамоҳе, ки ҳамроҳи чанд мӯйсафед хонаи Мушаррафино омаду ӯро дид. Баъд боз омад, ҷангу ҷанҷол, хархаша шунид, вале омад. Ба падараш фарзанд барин шуд. Аҷоиб одаме, ҳатто баъзан аз фарзандони худаш ҳам бештар ба вай ғамхор, меҳрубон, ҳамеша дар хизмати ӯ. Аз ин меҳри беандозаи вай ба мӯйсафеди падараш Мушарраф ҳайрон буд, аз ин ҷиҳат ба вай эҳтиром пайдо менамуд... «Одами нағз», меандешид ба худ. Инчунин дар рӯзҳое, ки падараш бемори сахт буду дар беморхонаи район мехобид, ин одам гӯё ҳама чӣ — рӯзгору зиндагиашро аз хотир баровард. Шабу рӯз паси дари ҳуҷраи буд, ки падараш мехобид. Боз рӯзҳои гарму нарм набуданд. Хунук, барф аз осмон канда не. Ҳатто рӯзҳое, ки аз хунукӣ додарони Мушарраф аз хона намебаромаданд, ин одам дар роҳ, ба хабаргирии падараш мерафт.

пешина
аз 399
навбатӣ