Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Як рӯз Мушарраф аз беморхона бо ин одам, ки номашро акнун медонист, Абдушукури сиёҳдонагӣ мегуфтанд ӯро, ба деҳа ҳамроҳ баргашт. Мошин онҳоро то поёни деҳа овард. Барф баланд, роҳҳо руст, пиёда шуданд. Торик буд. Аз миёни боғҳо мегузаштанд. Гоҳо Мушарраф бероҳа шуда ба барфҳо дармимонд, меафтод... Абдушукур дасташро мегирифт, мадад мерасонд... Вай Мушаррафро то хонаашон оварду худ дар ҳамон шаби хунук рӯ ба роҳи деҳаашон — ба Сиёҳдона овард. Ҳамон шаб ҳам то хеле вақт хаёлаш ба ин мард банд гашт. Ду кӯдаки хурдсол доштааст. Онҳо аз модар монда... ҷавон мурда будааст модари фарзандони ӯ...

Розигии падараш ба ҳамин мард, Мушаррафро ба ӯ доданӣ вай. Лекин худи ӯ дар масалаи ҳамхона шуданаш бо Абдушукур гуфтугӯ накардааст. Абдушукур дар ин масъала пеши вай забон намекушояд... Чаро? Хурд нест, марди калон. Аз афташ, ҷуръат надорад, ё шарм медорад...

Ба тӯй ду рӯз монда буд. Тӯи парчабуронро, чи хеле мехост, модараш ҳамон тавр — бо табъи худаш гузаронд. Ҳамаи занҳои деҳаро хабар дод, гӯсфанд куштанд, дар як деги калони маъракагӣ ош монданд... Бӯғҷомаи сарулибоси арӯс, тӯкузи ӯро ба миён гузошт, кушод, ҳамаашро нишон дод. Хурду калон дар ҳайрат даҳонҳо воз монд.

— Домод чӣ кор мекунад? — пурсиданд.

— Қасоб, дӯкондор, — ҷавоб дод модараш.

— Чандсола?

— Зандор ё безан?

— Рангу раҳмонашро дидед?...

Беҳисоб буданд суолҳо. Ба суоли афту андоми домод ҳам модараш боифтихор ҷавоб гардонд ва аз афташ аз ин хел суолҳо норизо ҳам буд, ки илова намуд: — хушрӯии мардак ба кӣ лозим? Така бошаду шир диҳад, гап дар сари магзу маънии ӯ... Мардҳои хушрӯи бефаросат ҳам бисёр. На зан аз онҳо роҳат мебинаду на худашон.

Ҳамон рӯз занҳои ҳунарманди деҳа ба қади Мушарраф, ба хаёлаш ки куртаю либосҳои бесоҳиб пора карданд... Бобояш Меҳрубонро ба шаҳр бурд, сарулибосҳои ҳархелаи бисёре ба ӯ харид, барои Мижгон ҳам чанд куртаю пойҷома дӯхтам, кӯдаконаш пӯшидаю печида шуданд. Ба сарулибосҳои онҳо ва худаш нигариста худро мехӯрд ӯ. «Вай ба шавҳар мебарояд? Ҳамаи

пешина
аз 399
навбатӣ