Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ин либосҳо аз туфайли ӯ?» Нозимӣ падари фарзандонаш ба хотираш омад. Бо марди дигаре тӯй мешавад? Он лаҳзаҳо мерасад. «Тӯй накунед, ман шавҳар намекунам», гуфта наметавонад, забонаш намегардад. Банди хаёлҳои тира рӯи хона қадам мезад.

Меҳрубон ба назди ӯ — ба хона даромад. Шиму костуми маҳлии нофармони ба қадаш чену мувофиқ фармудаи бобо ба вай зебидааст. Рӯи Меҳрубон сафедак, мӯйсараш баланд шудааст, сипсиёҳ, мижгонҳояш дароз-дароз, гӯё ба онҳо сурма задаанд, нил барин...

— Шиму костуми худамро ёфта диҳед, оча, инҳоро гиред, гум кунед, — ҳамаи либосҳояшро аз тан кашида пеши модар партофт, лублуч, урён шуд.

— Чӣ кардӣ, бачам, айб шуда, либосҳоятро пӯш, ана бибиат омаданд, Сулҳия медарояд, пӯш.

— Намепӯшам.

— Чиба? Мӯзачаҳоят канӣ?

— Берун партофтам... Шумо шӯ мекунед, ин либосҳоро бобоям аз пули вай харидааст.

— Кӣ гуфт?

— Янгаам.

— Зани тағои Абдувалиат?

— Ҳа.

— Худо занад вайро...

— Вай дурӯғ мегӯяд?

Худи модар ҳам Меҳрубонро ҷеғ зада дар ин масъала бо ӯ гапзанон карда буд, «бо хубӣ, бо нармию нағзӣ ба бачам мефаҳмонам» гуфта буд. Аммо пеш аз ӯ ба Меҳрубон хабар додаанд, алов монданд.

— Оча, худатон гуфта будед-ку «шӯ намекунам, безорам, худо умри шумоҳоро диҳад», — Меҳрубон гуфтугузори байни худашу модарро, ки баъзан шабҳо то дер гоҳ даруни ҷойхоб давом меёфт, ба хотири Мушарраф овард.

Оре, модар гоҳе рӯзгори ояндаашонро ҳамин тавр тасаввур мекард: аз хонаи падараш рафтаанд, аз ғурбати янгааш, ҷанҷолҳои бобои Меҳрубон эмин... Колхоз ба онҳо хона додааст, соҳиби зиндагӣ, кулбаи худ. Меҳрубонаш калон шудааст, ҷавони зебо, сарбони ӯ.

— Шумоя соҳиб мешававам, шӯ накунед, гапи мана гиред, оча, — хоҳиш мекунад писаракаш аз ӯ. «Не, бачам, ман шавҳар намекунам, тую хоҳарак бошед ба рон ман бас, давлати ман шумоҳо...» — мегуфт. Вале ҳоло тӯи ӯ наздик, Меҳрубонаш огоҳ шудааст.

пешина
аз 399
навбатӣ