Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамон мардакро шумо мегиред? — Абдушукурро дар назар дошт Меҳрубон. — Вай шуморо хонааш мебарад. Хонааш дур, дар ким-куҷоҳо...
— Кӣ гуфт?
— Янгаам.
— Вай дурӯғ мегӯяд, бачам, шӯр меандозад.
— Шумо думи вайро гирифта меравед, Миҷгонро мебареду мана мепартоед. Ман баъд чӣ кор мекунам? Бесоҳиб мемонам, мана мезананд мекушанд...
— Бачам, беҳудагӯӣ накунед...
— Шӯ накунед, оча, ман намемонам, вай шӯи шуморо мекушад, ба санг мезанам. Почаашро мешиканам...

Писаракаш дар миёни чанд рӯзе, ки ба тӯи ӯ монда буд, аз ғам, аз алам хароб шуд, аз хобу хӯрок монд. Шабҳою рӯзҳо пеши модар зорию илтиҷо мекард, даст ба домони ӯ мезад, худро ба пеши пои ӯ меафканд, «шӯ накунед», гуфта мегирист... Дили модарро об, ҷигарашро пора мекард.

— Не, ман дигар шавҳар намекунам, — баъзан Мушарраф оташ гирифта ҳама корро расво кардан мехост. Дар ин лаҳзаҳо онҳо ба сари Меҳрубон калтак шикастанӣ мешуданд. Ба ақидаи модараш агар бобо илоҷ меёфт, гӯшти бадани Меҳрубонро дандонгаз мекард, дандонҳои мӯйсафед гиз мешуданду панҷаҳояш гирех мехӯрданд. «Ҳамин сагера маро шарманда мекунад, ҷонамро ба лабам овардааст. Як бало, офат, заҳри мор аст ин сагера...» Ӯ баъзан пайт ҷуста, чашми Мушаррафро хато карда гӯшҳои Меҳрубонро метофт, баданашро анбӯртоб мекард, фиғони ӯро мебаровард, дилаш хунук намешуд. «Мекушам, саратрод аз танат ҷудо мекунам, аз очаат дур гард, дигар ба вай «шӯ» накун» нагӯй, нашунавам, забонатро аз ҳалқат канда мепартоям, дам гард, сагера!...» таҳдид мекард бобояш.

Нохуштарин рӯзи умри Мушарраф, рӯзи ба Абдушукур ба шавҳар баромадани ӯ буд, худо он рӯзро набинад дигар ӯ, ба шавҳар баромадани зани сагерадор азоб будааст, азоби алим, аз азоби сагҳои саҳро бадтар. Марг мехостааст зани сагерадор, марг, на хусию хурсандӣ, рӯзи нек...

Аз пагоҳӣ Меҳрубон ҳамон рӯз аз биқини ӯ начунбида нишаст, дасташӯ домони модар... Дар берун тӯякиҳо, ҳавлӣ пур-пури одам. Гов куштанд, гӯсфанд куштанд, дар дегҳои маъракагӣ ош мепухтанд, ҳамаи аҳли

пешина
аз 399
навбатӣ