Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

хона, хешовандон паи корею боре, хурсанд, даҳон то бехи гӯшҳо, чӣ хӯрданду чӣ гуфтанашонро намедонанд. Яке суруд мехонд, дигаре қалочҳо паҳн рақс мекард. Садои суруди «Оҳ чаке, ҷум чаке» садои қафкӯбӣ... Чи хеле мегӯянд, яке дар ғами ҷону дигаре дар ғами ишкам, дар хаёли бозию мастӣ...

Лаҳзаҳое, ки ӯ бо Абдушукур ба як болин сар гузорад, наздик меомад. Меҳрубон, Мижгонашро гузошта? Аз онҳо дил канда наметавонад, Меҳрубонро ба оғӯш кашид ба сандуки дилаш гирифт, ба мағз андар мағзи ҷонаш ҷой гирондан мехост ӯро.

Меҳрубонро хоб бурд. Мижгон ҳам паҳлуи акааш хуфта буд. Духтаракаш зебо, фарбеҳакак рухсораҳояш сурхи арғувонӣ... Парвои олам надорад, аз хурдиаш ҳамин хел осудаю ором аст ӯ. Модарашро асло ғами надодааст. Меҳрубон барин не. Меҳрубон дигар, худашро хӯрдааст. Мардбача, соҳиби ӯ, нангу номус дорад. Рашк мебарад, қаҳраш меояд...

Шаб мегузашт. Тӯякиҳо, аҳли гузар хона ба хона мерафтанд. Модараш пеши Мушарраф даромад, Сулҳия ҳам. Онҳо болои сари ӯ истоданд, вай бояд пеши домод дарояд.

...Ба ақидаи модараш, Мушарраф сару фукашро ҳамвор кард. Бо либосҳои зебое, ки Нозимӣ барояш харида буд, арӯс шуд, ба вай ситеза карда онҳоро ба бар намуд. Куртаи заратласашро пӯшид. Онро Нозимӣ пеши кадом як дӯзандаи ҳунарманди шаҳри Душанбе бурда дӯзонда оварда буд. Туфлии сафеди пошнабаландаш ҳам азони ӯ. Атру гулобҳои камёфти ким-кайҳо дар иду мавриде тӯҳфа овардаи вайро гӯё барои ҳамин рӯз нигоҳ дошта буд. Ба ҳуснаш ҳусну фузуд сарулибосҳои зебои Нозимӣ оварда. Ба оина назар андохт, худашро гӯё насинохт, чашму абрувон, лабу дандонҳо, рухсораҳояш зебо, дилҷӯ... Гӯё худаш ба худаш ошиқ шуд... Гираму гурезамаш мегӯӣ, ё мехоҳӣ, фурӯ бариаш. Абдушукур ҳам барои ҳуснаш аз паи вай афтода будааст. «Ин хелаш дар ин обравҳо нест, надида будам» гуфтааст... Беҳуда не. Бало ӯ, офат! Барои вай ҷон канд, ҷони саги сиёҳ... Лекин Нозимӣ ӯро партофт ба оғӯши дигаре мегузорад вайро... намурда, дар зиндагияш... Шунида буд: мурдани ҷавонмарде беҳ, ки дар зинда будани вай занаш насиби каси дигар шаваду кӯдаконаш сарсону парешон, мӯҳтоҷи дари хонаи пиандар...

пешина
аз 399
навбатӣ