Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале дар зиндагии Нозимӣ ҳам занаш азони каси дигарею ҳам кӯдаконаш зори нони марди бегонае...
— Мушарраф, — модар ҷеғ зад ӯро, — тезтар бош, ангез накун, — гуфт.

Мушарраф болои сари тифлаконаш ҳам шуд.
— Чӣ мекунӣ? Бедор мешаванд, биё... — ба тарафи дар хонд ӯро модар. Аммо нигоҳи ӯ аз рӯи бачаҳояш канда набуд. Чашмони писаракаш гиряолуд. Гиря ғӯё дар банди дилаш нишаста. Ҳамон ҳик-ҳик дошт. Ҷудо мешавад акнун кӯдаконаш аз ӯ... Марди бегона мегузорад, ки онҳо наздикаш — дар паҳлуяш бихобанд?.. Чашмаш сих мезанад, дидан намехоҳадашон... Бо модар ҳамроҳ хобиданҳои Меҳрубону Мижгон гузашту рафт. Оғӯши ӯро акнун орзу мекунанд... Хоб мебинанд... Аз ҳамин шаб ба тақдир бояд тан бидиҳанд чӯҷаҳояш... Хам шуда модар аз сари рухсораи Мижгон бӯсид. «Меҳрубон» гуфт ба дилаш.

— Мушарраф! — модараш норозӣ шуд.
... Лабонашро Мушарраф ба рухсораи Меҳрубон пахш кард. Бедор шуд вай, чашм кушод. Чашмони кушодаи бачааш то хеле ба рӯяш шуданд... Гӯё бо ҳамин хол ӯ хоб буд, чизе намегуфт, намеҷунбид. Оҳиста Мушарраф худашро ақиб кашид, рост шуд.

— Оча? — Меҳрубон дар либосҳои нав гӯё ӯро нашинохт. — Куҷо меравед? Пеши вай мардак?! — Часта аз ҷояш хест.

— Бачам, ту зиқ нашав, амакат одами нағз, гуфт, ки барои ту валосипед мехарад, боз шиму костюми нав, мӯзачаҳои сурх овардааст... Модар дили писарашро осуда кардани буд.

— Валосипед набиёрад вай ба ман, намехоҳам, безорам, ана инҳоро ҳам гиред, — Шиму костюмашро, ки болои сараш монда буд, ба миёни хона ҳаво дод.

— Бачам, мана ту зиқ накун, ман туро нағз мебинам, ту гӯркани ман, соҳиби мурдаю зиндаи ман...
— Шӯ накунед.
— Меҳрубонҷон!
— Наравед.

Модар ӯро ором карда наметавонист. Дар хона боз шӯре хест. Додаронаш, ана боз падараш омаданд.

— Мушарраф, саратро ба сари кӯдак намон, мурғҳо фарёд доранд, рӯз мешавад, айб шуд, маҳтал шуданд кудоҳо... Зуд биё... — Падараш мӯзаҳояшро аз

пешина
аз 399
навбатӣ