Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
пой накашида ба даруни хона — ба рӯи қолин қадам монд.
— Наравед, оча... — Меҳрубон зонувони модарро оғӯш кард. — Намедонам, вай очаи ман, очаҷони худам!...—Аз гирья, аз зорию илтиҷо пеши модар Меҳрубон сӯхта бистуён шуд, раҳми ӯро мехӯрданд ҳама.
— Зуд бош, Мушарраф, вайро «пишим, лоло» карда нашин, зан, чунон зан, ки парраи рӯяш алов гирад... Ҳеҷ бало намешавад, мон гирья кунад, майда нест, нофаш намебарояд. Ин чурпа ғами рӯи дили ҳамаамон шуд, ба бало мондам, дафъу дору шаваде! — Падар аз дасти Мушарраф гирифта тарафи дар кашид... Худи ӯ ҳам қадаме сӯи вай монд: Меҳрубон ба банди пойҳояш ҳарпанҷа андохт. Рӯ-рӯи замин аз паси модар кашола буд. Сулҳия ҳам бо хоҳиши падар ба вай мадад расонд: бо азоб дастони Меҳрубонро аз танаи модар ҷудо кард, маҳкам дошт, дар оғӯши ӯ бача почак мезад. «Вой доде, очама мебаранде, ман мемураме, очаҷон, оча!!»— аз доду фарёд овози Меҳрубон гирифт, паст шуд но-лааш қариб ношунаво...
Мушарраф аз ҷанголи писаракаш раҳо хӯрд. Аз хо-на берун давид. Лекин дигар пеш рафта наметавонист. Куҷо равонааст ӯ? Ба Меҳрубонаш раҳмаш наомад, вайро заданд, аз ӯ ҷудо карданд, дарро ба рӯяш бас-танд... Дар хона монд ӯ, гиррёну нолон... «Оча, оча...» овозаш ба гӯши модар меояд... Вайро ба сӯи хонаи до-дараш Шоҳназар мебурданд, аз зери китфонаш дошта... Он ҷо домод интизори Мушарраф, чашм ба роҳи ӯ. Ба дари хона нарасида буд, ки Меҳрубон аз дасти Сулҳия раҳо ёфт, бо доду мағал аз паси модар тохт. Касе аз роҳаш ӯро нагардонд... Мушарраф дари хонаи домодро накушода аз роҳаш гашт. «Оча, очаҷон, истед, пеши вай мардак наравед! Ман шумоя намемонам, шумоя нағз мебинам, очаҷон! Истед!..» Ӯ боз ба домани модар дарафтод. Овозаш хаста шуда, чашмонаш гӯё аз сар баромада буданд. Холаш табоҳ, сӯхта-сӯхта бир-ён гашта, хурдакак нокирой шуда буд. Кудоҳо аз хо-наҳо баромада, бегонаю худӣ ба модар ва писаракаш менигаристанд. Модару писаракаш ба меш ва барра-ҳаки он монанд буданд, аз ҳамдигар ҷудой намехос-танд, ба ҳолашон раҳми ҳама омад. Дасти Меҳрубон дар гардани модар, ки пешаш ба зону зада буд, ҳалқа хӯрд. «Очаҷон, очаҷон!» гӯён мӯйҳои модарро миёни ан-гуштон гоз медод. Меҳрубон ҳиқ-ҳиқ мегирист. «Toleaтон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё