Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бад будааст, бачаҳаком, Меҳрубонҷон, ман намехостам, ҳаргиз, асло...» Чашмони модар ҳавзи об буданд. Ба ҳамин минвол лаҳзаҳо рафтанд. Аз афташ касе акнун модару писарро аз ҳамдигар ҷудо кардани набуд... Аламовар буданд ин лаҳзаҳо. Хонаашон акнун тӯйхона не, мотамкада барин менамуд. Мотами ҷудоии кӯдаку модар. Ҳама мутаассир гашта буданд, ба падарҳое, ки барои зани нав, барои зани хушрӯ, хурсандию фирузии хеш фарзандонро ба ин ҳол гирифтор мекунанд, нафрат мегуфтанд. Дилашон ба Меҳрубони вай месӯхт.
— Бачам, айби ту не, падараш гунаҳкор, худо занад вайро...— модари Мушарраф гирён-гирён духтари ро таскину тасаллӣ медод.
— Духтарам, хона, пеши шавҳарат даро... бачаат одат мекунад, баъд аз хотираш меравад, фаромӯш мешавад...— Падараш пеш омад, дасти Меҳрубонро аз гардани модар рахонд, боазоб, бозӯрӣ. Ӯ боз ҷигарбанди модарро аз зери бағалаш бурд. Дар оғӯшаш тифл метапид, дасту по мезад, доду фарёд дошт. Падар ӯро аз модараш дур мебурд. Боз ҳолашро Мушарраф худ медонисту бас. Сараш чарх мезад — мекалавид, овози ҳазин, боилтиҷои Меҳрубонаш дар гӯш, пеш қадам партофт боз қадаме... Хоҳараш, янгааш аз зери оринчҳояш гирифта буданд... Дар сар рӯймоли сафеди арӯсӣ бехудона ба пеш — ба ҷониби хонаи Шоҳназар мерафт, ба назди домод — ба ҷониби «бахту саодати» наваш.
Ҷиҳозҳои арӯсӣ, бору буни хонаи ӯро ба аспу маркабҳо бор карданд. Улавҳо зери бор сумак мезананд... Хешовандони дуру наздик барои гуселаш омада... Мушаррафро онҳо ба Сиёҳдона — ба хонаи худаш гусел мекарданд... Шавҳараш Абдушукур бурутҳои дароздарози ба бари рухсора ҳалқахӯрдаашро миёни ангуштон тоб дода-тоб дода пеши ҳозирон мегашт. Ниҳоят ӯ аз роҳравӣ бозистод. Дастонашро ба миён бурд, сараш ҳам ғарки фикру хаёл.
— Амак, — падари Мушаррафро чег зад. Падараш нидои Абдушукурро нашунид. Вай паҳлуи Мушарраф истода даст ба дуо кушода, дар ҳаққи вай суханҳои неку хайр мегуфт, ба ӯ рӯзи хушу бахт орзу дошт... Дар айни ҳол ба Меҳрубон насиҳат мегуфт. Мегуфт, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё