Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дар хонаҳои одамони бегона ҷанҷол набардорад, модарашро зиқ накунад, бомаънӣ, боодоб шавад...
— Амак— Абдушукур падарашро боз нидо кард ва ӯ маҳтали ҷавоби вай нашуда пеш омад.— Амак, баъди аввалу халоси охир мегӯянд,— аз афташ масъалаи муҳимеро бо падари Мушарраф ҳал карда буд.
— Чӣ гап, писарам?— хушу гӯши падараш ба домод шуд.
— Набераатонро нигоҳ доред, худатон бонӣ кунед.
— Чӣ гуфтӣ, бачам, нашунидам.
— Мегӯям, ки ана ин бачаро хонаи ман набаред,— Меҳрубонро бо ангуштонаш ба бобо нишон дод.
— О ин ҳам, бачам, фарзанди худат-ку... Хоҳаракаш ҳам фарзанд аст, ту акнун ба инҳо ҳам падар шав, сарашонро сила кун, савоб мегирӣ.
— Ғами маро нахӯред, амак, фарзандҳои худам ҳастанд, ба дунё меарзидагианд.
— Савдоямон дар вақташ, бачам, ин хел набуд-ку, дида будӣ, медонистӣ, ки занат кӯдакдор... Овози пирамард пасттар шуда гӯё беҳолу бемадор гашт.
— Занамро мебарам, амак, вай духтаракашро ҳам, майлаш, гирад.
— Убол аст, бачам, кӯдака аз модар ҷудо накун, вай зиқ мешавад, азоб мекашад...
— Ҳеҷ бало намезанад, амак, гуфтам-ку вайро намебарам. Набинамаш мегӯям...
Суханҳои шавҳараш ба гӯши Мушарраф меомад... тир ва шамшерҳо барин ба ҷигараш расиданд, дилаш пора гашт. Мушарраф аз аввал ҳам ҳис карда буд, ки назари ин мард ба писари вай нек нест. Гоҳе агар Меҳрубон аз пеши роҳаш мебаромад, гӯё вайро намедид, аз наздаш гузашта мерафт. Абдушукур дарундаруяки хонаашон шуда буд, бисёр меомад, бо ҳамаи аҳли хонадон забон ёфтан мехост, ба дили ҳама роҳ меҷуст, ба дили янгаи бадботини ӯ зани Абдувалӣ ҳам... Аммо танҳо ба Меҳрубон нигоҳаш сард. Мушарраф надида буд, ки боре ин одам даст ба сари вай бурда, ба вай забони ширин дода бошад... Меҳрубон ҳам аз ӯ мекебид. Аз касду нияташ огоҳ. Вайро дида сиёҳу кабуд мегашт. Ба хаёли модар, Меҳрубон илоҷ пайдо мекард, ин мардро мекушту хабар намеёфт, душмани ҷони ӯ, онҳо душмани якдигар, душманини пинҳонӣ, дар дилҳояшон ҳисси адоват, нафрат. Ҳоло ин душманӣ ошкор гашта буд. Меҳрубони модарро «набинамаш» гуфт.

пешина
аз 399
навбатӣ