Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ана ин мард чӣ гуна ғами сағераҳои вайро мехӯрдааст... Гуфтанд, ки ӯ ба онҳо падар мешавад...

— Бачам, ин писарак оламхӯр нест, як лаб нон ба ӯ кифоя, шукр, сол серӣ, арзонӣ, зарар намебинӣ дастъёр шудааст, — падараш аз гуфтан домод ранҷид.

— Дар масъалаи чӣ хӯрдану nahӯрдани ин кӯдак гап намеравад, амак... Шумо маро чӣ хаёл кардед? Дав- лату савлати ман кам не... ҳамаи аҳли ҳамин қишлоқи Гулихайриатонро нону ош дода метавонам... Агари ман аз он фикр мекардагиҳои шумо мебудам, барои як зани саиба худамро сари сангу кулӯҳ зада хонаҳоятонро аз молу чиз пур намекардам, қалин гирифted... боз фарму- дед... Ягон чӣ гуфтам? Сию ду дандон сафед кардам? Аз ин ҷиҳат, амак, шумо таъна назанед. Гап дар дигар ҷо...— Аз афташ Абдушукур худро аз сари ҷаҳл ба даст гирифта буд, ором шуд, оҳанги суханаш нарм гашт. Вай мегуфт: Дар ҷойҳои мо бачаи аз думи очааш ома- даро какан мегӯянд, ана аз ҳамин какан безоранд ҳа- ма. Воқеаҳое рӯй доданд, ки ихлоси одамон аз ин хел сағераҳо гашт... Мардум зани кӯдакдорро гови гӯсола- дор мегӯянд, ман намехоҳам, ки Абдушукур гови гӯсо- ладор овардааст гӯянд дар қишлоқ намехоҳам... Боз ин бача бисёр касофат, хуни бинимурда барин менамо-- яд. ... Бо яке реза ҷонаш аллакай сар кардааст.

«Хуни бинимурда, касофат...» писараки ба ҷон ба- робари модарро ҳамин тавр мегӯяд ин мард? Мушар- раф ӯро одами неку нағз пиндошт. Бо умеде ба вай ба шавҳар баромад, ки фарзандонаш аз азоб, муҳтоҷӣ, раҳо ёбанд, рӯз бинанд. Як рӯз нагузашта?... Чамар- ғаи тифли вайро накашида? Чӣ ҳақ дорад?

— Ту бачаи маро хунибинимурда нагӯй, ҳақ надо- рӣ, бас кун,— гуфт Мушарраф ба шавҳараш ва ба гуф- таи ҳамдеҳагонаш, акнун даҳонаш гарм шуда, ӯро аз осмон гирифта ба замин зада, хуб соз кардагӣ буд, ки падар аз раъяш гардонд.

— Дам шав ту, мекушам, дам!— таҳдид кард.

Ба худаш дахл доштани ин гуфтугӯ ва ҷанҷолро Меҳрубон ҳис карда ангуштони модарро сахттар дошт, худро ба вай ҷафс кард, нигоҳаш имдодхоҳона буд: модар ӯро напартояд, бо худ барад. Талаби охирини Меҳрубон ҳамин, ақаллан онро ба ҷо орад модар...

Домод ақибтар рафт, ҳамроҳонаш ҳам хомӯш гаш-та буданд. «Арӯс хилофи анъана дар миёни одами бисёр ба рӯи шавҳар давид? Ба ҷои ҳарфи «шумо», «ту»

пешина
аз 399
навбатӣ