Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфт ӯро?...» Аз афташ ҳамин ақидаҳо ҳамаро ба ҳайрат, ба тааҷҷуб овард.
— Меравем, — гуфт ба ҳамрикобонаш домод...
Ақибтар гаштанд онҳо... Авзои падари Мушарраф беҷо шуд: «Мераванд?»
— Биё, Меҳрубонатро мон, духтарам, худам вайро бонӣ мекунам, калон мекунам, — модараш ба Мушар-раф маслиҳат андохт.
— Не, ман намеистам, қатии очам меравам... — ба модар сахтар часпид Меҳрубон.
— Абдушукур, бачам, — падараш роҳи ҳалли ин масъаларо меҷуст, ҳанӯз умедаш ба ӯ буд.— Абдушукур, — гуфт боз ӯ ва аз зери бағалаш дошта вайро аз назди одамон ба канортар баровард. Бо вай пичир-пичир кард, як олам гап зад. Маълум буд, ки вай ба талабу хоҳишҳои мӯйсафед сар намефуровард.
— Кӯдакасро намебарам, фарзанди каси дигарро дида наметавонам, худатон медонед, қаҳри одам меояд. Боз чӣ гӯям? Чӣ тавр фаҳмонам?... Наметавонам, амак, — гуфт ба пирамард Абдушукур ва даст афшонда аз ӯ дур шуд.
— Убол мешавад, бачам, кӯдакро аз модар ҷудо намекунанд... Одами майда нестӣ, фикр кун... — гуфт падараш.
— Аз гапам намегардам, амак.
— Рафтем, бачам, бе шумоҳо ба ҳеҷ ҷо намеравам... То аз ин одам фарзанд меёбам, чени шумоҳо мешавад, ки хуш умре... Худо умри шумоҳоро диҳад, рошед...— Мушарраф Миҷғону Меҳрубонро пешандоз карда аз дари ҳавлиашон дарун шуд... Чи хеле мегӯянд, аз ин кори Мушарраф ҳама «ҳангу даранг» монданд. «Арӯс аз роҳаш гашт?» Чанд мӯйсафед, ки ба аспҳояшон савор шуда буданд, пиёда гаштанд... Қудаҳо ҳама ҷамъ омаданд.
— Омада-омада дар сари раворав корро расво кардетон? — суол дод мӯйсафеде ба ҳамроҳонаш.
— Ин ҷанҷолро пештар бояд ҳал мекарданд.
— Гуфтам-ку баъйи аввалу халоси охир... Нахоҳан ихтиёрашон... Як шаби ман бо вай саҳар нашудааст. Лекин пулу моли камам набаромадааст... Ҳамаашро баргардонанд, аз роҳ наёфтаам, об дода бошам, равған мегирам... Метавонам, номи ман Абдушукур, ҳоло чизу чораи мана хӯрдагӣ одам ёфт нашудааст, ситонидаам... Пой бар узангуи асп монд домод. Аспи ҷавмаст

пешина
аз 399
навбатӣ