Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ба вай тан намедод. Як ҷо намеистод, фаҳҳос мезад, худашро ақиб мекашид. Зебо буд, пешотанааш хим-ҳим мезад, фарбеҳ...
— Тез нашав, Абдушукур, гардани шайтонро шикан, аз роҳат гард, — як мӯйсафеди нуронӣ пеш омад, аз ҷилави аспи ӯ дошт: — Чӣ кор мекунӣ? Меравӣ? — пурсид.
— Меравем, сағераи кадом як сатангро хонааш бурда бонӣ намекунам. Ман ҳам мардам, нангу номус до-рам...
Оташи ғазаби Абдушукур аз рашк аланга мехӯрд.
— Ҳеҷ ҷой намеравӣ, аз асп фуро, — фармон дод ба Абдушукур мӯйсафеди нуронӣ. Домод пиёда шуд, дастаи қамчинро миёни панҷаҳояш фишурда ба мӯй-сафед гӯш дод. — Оҷаи ин бачаҳо акнун ба ту бегона нест, зани никоҳии худат, дар ихтиёрат, аз фармонат баромада наметавонад, ҳақ надорад, — мегуфт ӯ ба Аб-душукур. — Пешаш даро, гапзанон кун, фаҳмон, гапат-ро гузарон. Бо ин хел ту кию ман кӣ гуфта довталабӣ кардани шумоҳо ҳеҷ хона обод намешавад. Дар пеши аҳли ду қишлоқ шарманда мешавем. Мегӯянд, ки як одами боакл набуд, насиҳат кунад, нагузорад кори буд шуда омада вайрон шавад, — гуфтаҳои ҳамон пирамар-ди нуронӣ ба ҳама асар кард, домод андаке гӯё ба худ омад.
— Амак, канӣ биёед, — Абдушукур банди дастаи қамчинро миёни ангуштонаш гирифта пӯпакҳои бо мӯҳ-раҳои ҳаррангаи гарди хазина зеб дода шудаи онро бо-зӣ медоронд.
Абдушукур ва падарарӯсаш ба хона, назди Мушарраф даромаданд. Ӯ дар кунҷи хона такя ба девор нишаста буд. Миҷгону Меҳрубон дар наздаш. Ба мокиёне монанд буд, ки ҷӯҷаҳояшро ба таги болаш кашида. Теғи нигоҳаш ба атрофиёнаш. Гӯё онҳо сайёдҳои ӯ буданд. Аз ҳамаашон ҳазар дошт. Хешовандон, падару модар, Абдушукур болои сараш истоданд. Аз забонҳо қанду асал мерехт, ба ҳар шарт, ба ҳар талабу дархости ӯ розӣ, аз сар то қадамаш зару зевар рехта니아нд. Агар хоҳад, ситораро аз осмон канда ба ӯ меоваранд. Дар ҷавоби ҳамаи ин аз ӯ як хоҳиш доштанд: Меҳрубонро ба хонаи шавҳараш набарад, аз ҳамин фикраш гардад. Писараки вай гӯё хӯрандаи ҷонҳо. «Рӯзатро сиёҳ кард ин бачаҳакат, духтарам!» модар аз бахти бади вай нолид. «Бева, ки шудӣ, бедумча бошӣ...» Ҳасрат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё