Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
кард зани дигаре... Яке не. Ҳама «биё, розӣ шав, Мушаррафҷон, ба бачаат ҳеҷ гап намешавад, бибиаш, хоҳарат бонӣ мекунанд», мегуфтанд. «Розӣ шав, розӣ, шав», зикри замонҳо буд ин суханҳо... Ҳушу гӯш, чашмҳо ба даҳони ӯ, интизори «ҳа, хуб шудааст», гуфтани ӯ. Ин ҳол гоҳе ба сари духтарони тоҷик меояд... Вақти никоҳ аз онҳо мепурсанд: «Киро вакил кардӣ? Гӯй, ҳа канӣ гӯй...» хоҳиш мекунанд гувоҳҳо. Атрофаш пури одам, пури тӯякиҳо, хурду калон — ҳама гӯш ба қимор. Баъзан духтар аз шарм дергоҳ забон кушода наметавонад, забонаш гӯё баста мегардад. «Гӯй, ҳа, канӣ гӯй, гӯй...» аз забони хурду калон мешунавад, ноилоҷ мемонад, мегӯяд... Ҳоло аз Мушарраф ҳам гӯё вакил мепурсиданд. Дами дару назди тирезаҳо пури одам...
Ҳама нигарони «ҳа», гуфта розигӣ додани вай. Ошпази маҳалла амаки Саидаҳмад ҳам кафгири калонаш дар даст болои сари вай ҳозир буд. Ба вай фармуда буданд, ки оши қавмро пазад, имрӯз — яъне пас аз гусел шудани Мушарраф аҳли деҳаро хабар медоданд. Гову гӯсфандҳоро сар зада дар деҳҳо биринҷ тар кардаанд...
Амаки Саидаҳмад ошпазӣ омадаасту ҳама паи кори дигаре, атрофи Мушарраф ҷамъ шуданд. Агар ӯ гӯяд «не, тамом, хонаи домод намеравад...» амаки Саидаҳмад ҳам баромада меравад, тӯякиҳо аз роҳ мегарданд. Гову молҳои сар зада шудааш, биринҷу равғани сарфшудаашро мехоҳад домод. Ҳамаи инро аз куҷо меёбад падари ӯ... Чӣ хеле мегӯянд, бо сӯхтан пок намешаванд...
Чӣ ҳодиса буд, ки рӯй дод? Чаро аз мақсади Абдушукур барвақт огоҳ нашуд, чаро ин нияташро ба ӯ нагуфт?»
Ҳоло ҳама аз ӯ хоҳиш доранд... Амаки Саидаҳмад ҳам... Ба чӣ бало, ба чӣ рӯзе дучор шуд ӯ?
— Амак, ман ҳам шири одам хӯрдаам, ақл дорам.
Ин бача дар хонаи шумо бошад ҳам, ҷамарғааш ба гардани худам, сару либос, хӯрокиашро меорам... Қишлоқи мо дур не, дар як рӯз даҳ бор ҳам, ки хоҳад, очааш омада равад, хабар гирад, фарзандаст, ман манъ намекунам, пешашро намегирам,— гуфт ба падараш Абдушукур.— Агар «не, пеши бачаат нарав», гӯям рӯям сиёҳ шавад, ту ба ман бовар кун,— бо нармӣ, бо меҳрубонӣ аз Мушарраф хоҳиш кард ӯ.
Як одам пеши одами бисёр ҳеҷ будааст, забонаш баста шудааст, тоб намеовардааст, лол мегаштааст...
Ҳама аз ту хоҳише дошта бошанд, рад кардан душвор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё