Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Осон не, агар ҳазор кайсару якраВ, рӯятро гирифта таги сумат монда бошӣ ҳам. Аз баҳри ҷонат мегузаштай, агар «худатро барои мо аз чар парто», мегуфтаанд, ба хаёли Мушарраф, ки не гуфта наметавонӣ.
«Хайр, ман розӣ» гуфта аз ҷой бархостанашро надониста монд. Боз Меҳрубонро Сулҳия дошт. Модар барои нашунидани овози гиряи ӯ гӯшҳояшро бо кафҳои дасташ руст карда аз хона баромад. Баъде, ки модар бо зӯрӣ дасти Меҳрубонро аз доманаш канд, «ту дар хонаи бобоят ист, меоям, ҳар рӯз меоям...» ба зорию таваллояш гӯш надода пеш-пеши шавҳараш даромад, ҳоли Меҳрубон чӣ шуд? Аз гирья сиёҳу кабуд гашт?
Нафасаш ба дарун зад? Чӣ шуду нашуд, намедонад модар. Ёраш, мададгораш Худо... Аз тақдираш бинад Меҳрубон. Падараш рӯзи бачаҳакро сиёҳ кард, падар. Модар айб надорад, инро Меҳрубонаш дарк намояд, бифаҳмад ҳамаи кулфатҳои дида, заҳрҳои чашидаашро аз падари булҳавас, айшпараст донад... Ками андар ками чунин фарзандон хиёнати падар, азиятҳои дар хурдӣ ба сарашон омадаро фаромӯш карда метавонанд. Бале, ками андар кам... Дар ин ҳол боз падар гиламанд «ғами маро намехӯрад, фарзандам, инсоф надорад», мегӯяд. Оё рӯзе падари фарзанди ӯ ҳам аз ҳамин Меҳрубонаш, ки аз паси модар «маро ҳам баред», гуфта почак мезанад, падарандар, бобояш — бисёриҳо чашми дидан надоранд, мададхоҳ мешуда бошад?
Дод аз дасти кӣ гӯяд ӯ имрӯз? Аз модар домангир:
шавҳар кард, бо худ ӯро набурд... Дар ҳамин як шаб Мушарраф ду бор Меҳрубонро сӯзонд, хокистар кард, ширҳои ба вай додаашро аз почаки бинияш овард. Дастони Мушарраф дар гӯшҳояш саросема аз пеши одамон мегузашт, қудоҳо аспҳоро савор шуданд. Роҳ ба танаи адир ва теппаҳои баланд тоб хӯрд. Ҳанӯз Мушарраф дастонашро аз гӯшҳояш нагирифтааст, вале овози гирьяи писаракаш, суханҳои ӯ «оча, напартоед мана баред, мемурам ман, оча...» илтиҷояшро мешунавад. «Оча, наравед, наравед!!», мегӯяд ӯ... Оре, Меҳрубон ҳам ширҳои аз модар хӯрдаи ӯро аз биниаш овард, қарз ба қиёмат намонад, гуфтаанд...

Мушарраф паси ҳам ду кӯтали баландро баромаду
нишеб шуд. Сангҳо ба пойҳояш бармехӯрданд, алафҳои ду тарафи роҳ хушк, сабзард гаштаанд. Офтоб онҳоро сӯзондааст, ҳоло ҳам нурҳои сӯзони он болои адиру

пешина
аз 399
навбатӣ