Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

касе вайро дошта наметавонист, ба модараш тан надод. «Шавҳар»-и очаашро бо сангу кулӯх зада-зада аз ҳавлӣ берун кард, қиёмате дар хона хест. Мард тарсида буд, як пояш урён, дар дасташ як по туфлӣ, ба пасаш нигоҳ накарда мерафт ӯ. Меҳрубон гирёну нолон буд. «Ман очама шӯ кардан намемонам, ман очама нағз мебинам...» Ҳунгоси гирьяаш баланд гашт. Тағоҳош пайдо шуданд, модаркалонаш, Сулҳия... Меҳрубон худро ба рӯи хоку лой афканд, модар вайро бардошта наметавонист. Ӯро дашном медод Меҳрубон. «Ман пеши додом меравам, дафъ шав ту, гум шав, шӯят мурад. Худ ҳам мурӣ, бева...»

Бобои Меҳрубон аз боғ баргашт. Дар сари китфаш бел, дар як даст достуш. Белро ба тани дарвоза рост монд, достро ҳам ба беҳи девор гузошт. Саллаи сафеди бо мӯйҳои сар ва ришаш ҳамрангро, ки болои абрувонаш хамида буд, боло кард.

— Чӣ воқеа рӯӣ дод? — пурсид ва ҳайрон буд, ки чаро аҳли хонадон паси дарвоза ғун омаданду сару рӯи Меҳрубон пури хок ва ӯ гирёну нолон.

— Аз қадами меҳмони шумо. Дар ин хона ҳеҷ кас рӯз надорад. Шарманда шуд, баромада рафт,— Мушарраф мехост ба падар аз болои янғааш шикоят карда ӯро зери гап мононад, аз ӯ ниқор гирад.

— Меҳмон? Чӣ хел меҳмон? Чӣ ба шарманда шуд мегӯӣ? — Падар бештар дар ҳайрат шуд.

Мушарраф кӣ будани меҳмонро ба падараш фаҳмонд, ҳамоне, ки боре тирамоҳ омада буд, гуфт.

— Кай омад?

— Андак пештар.

— Ӯро диданӣ будам. Канӣ вай?

Воқеаи ба ӯ рӯйдодаро Мушарраф нақл кард, чӣ номаъқулиҳое, ки янғааш дар ҳаққи ӯ раво дида буд, мӯ ба мӯ ба падар хабар кашид.

— Ҳамаи ин ғавғоро келинатон хезонд, вайро сур кард, ғазо андохт, сангу чӯбро ба сараш зад... Тамошобин ҷамъ кард...

Падар забон хонд, дандонҳояш шақаррос заданд. Чашмонаш беҷо гаштанд. Меҳмонаш— шахсеро, ки ба ҳазор таъину нома ба хонааш хонда ҷон канда розиаш кунонда буд, шармсор карда ронданд. «Рав» гуфтанд? Магар ҳамаи ин гуфтаҳои аҳмаконаи Мушарраф рост буданд? Ӯ дигар намеояд? Рафт? Ҳамаш тамом?

— Кӣ вай мардакро аз хона пеш кард? Кӣ? Наход

пешина
аз 399
навбатӣ