Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

бошӣ? Ту бо вай сеталока-а? Ҳушёр шав, убол аст, касофатӣ меорад. Наҳсиаш ба косаҳои ширам, ба ҳамаамон мезанад. Хонаамон ҷулмарг мешавад, оташ мегирад.
— Не, янга, вай нест.
— Хайр, вай бузбала кист, ки хона овардӣ. Ҷаҳмандат? Ягон номаъқулӣ карда хонаю дари ҳалоламонро ҳаром накарда бошӣ, мегум, — ба ҷавоби Мушарраф мунтазир нашуда янгааш сӯи хонаи вай равон шуд. — Кистӣ, ту бача? — ба дарун сар даровард янгааш.
— Салом, хоҳар, биёед, — меҳмон ба пешвозаш хест.
— Мегум ту кистӣ, ки хонаи бемард даромада, катагӣ карда шиштай. О рӯят сиёҳ шаваде, аз пушти Мушарраф омадӣ? Дар рӯзи равшан?...
— Хоҳар, шумо...
— Чӣ шумо, шумо? Забонат калитак ғатлид? Гунг шудӣ? Худоё, номурод шавие...
— Ман, хоҳар...
— Гуму гӯр шав, хезӣ, нардеви бесуюк... — Янгаи Мушарраф ба мард фурсати лаб кушодан надода шӯру мағал андохт, почак мезад, пайкари ғафсу шиками қариб ба нӯги бинӣ расидаашро меларзонд, бо хаёле, ки хоначаи хурдакакро ба сар бардорад, замину осмонро чапа кунад... Дар ҳамин асно Меҳрубон дасти Мижгон дар даст аз дарвоза даромад. «Оча, оча!» Модарашро чеғ зад. Мушарраф аз афташ, аз хароси янгааш худро ба даруни ошхона кашида буд, наменамуд.
— Меҳрубон, ин ҷо биё, тез, давида биё, биё кино тамошо кун, шӯи очаатро бин, — Меҳрубонро дида янгааш аз шодӣ чапак зад.
— Очам шӯ карданд?
— Ҳа, ана биё бин.
Меҳрубон назди дар омада «шавҳар»-и модарашро дид. Ӯ ҳаросон миёни хона меистод, гӯё аклашро хӯрда буд, берун омадан ё дар ҷояш нишастанро намедонист.
Туфлиҳои марди ношиносро бардошта Меҳрубон яке паи дигар ба шишаҳои тирезаҳо зад, онҳо шикаста чинга-чинга шуданд, ба замин рехтанд. Бо ин ҳам дили Меҳрубон хунук намешуд. «Модараш шавҳар кардааст, вай дар хона, дар пеши ӯ... Ҳамроҳи вай хоб будааст ин мард, янгааш гуфт». Меҳрубон сангҳои калон-калонро ба дару тирезаҳо мезад, ба даруни хона ҳаво медод,

пешина
аз 399
навбатӣ