Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
шуд. Мушарраф ҳанӯз намедонист, ки марди ношиносро ба болои суфа нишонад ё ба хона «дароед» гӯяд. Суфаи онҳо аз хонаи ҳамсоя намоён, хурду калонашон мебинанд, ки Мушарраф даву тоз карда пеши вай дастархон меорад, нон мегузорад, чой дам мекунад, дар лаълӣ канду қанд, мева мекашонад...
Дар хонаашон бошад касе не. Модараш, зани додаронаш ва кӯдаконашон наменамуданд. Мижгону Меҳрубон ҳам набуданд.
Мард болои суфа баромад.
— Хона дароед, беҳтар, — гуфт ба ӯ Мушарраф ва сухани охири вай ба гӯши «меҳмонаш» хуш садо дод.
Бо тарс, бо ҳарос ба забон оварда буд ин нуктаро вай.
Ширин, шакаррин.
— Рост, аз чашми одамон паноҳтар будан беҳ...
Дар ҳавлӣ як худатон-а? Ҳеҷ кас нест?...— Овози мард ларзид, ранги рӯяш тағйир ёфт.
Мушарраф дари хонаи худашро кушод, аз тахт чанд кӯрпаи нав канда ба болои хона андохт, пардаҳои гулдузии тирезаҳоро бардошт, онҳоро ба мехҳои танаи девор андармон кард.
— Дароед, марҳамат, — ба хона таклиф кард мардро.
— Хонаи худатон?
— Ҳа.
— Тоза, бисёр дилкаш. Нағз, — аз илтифоти Мушарраф мард шод гашта буд. — Ташаккур, — аз ӯ гашта миннатдорӣ мекард.
Мушарраф дар хаёли ба меҳмон чӣ пухтану чӣ навъ ба наздаш нону чой даровардан дар дами дари ошхона меистод. Ақаллан Мижгон ё Меҳрубонаш мебуданд... Касд кардагӣ барин... Вай бо ин мард танҳо.
Аз куҷо пайдо шуд? Вақташро ёфта омад... Орзуманд буд, ки ягон нафар мардони хона ҳозир шаванд. Аммо аввал янгааш омад. Янгаи баддаҳонаш. Ба ӯ акнун вай чӣ тавр мефаҳмонад, ки дар хонааш меҳмон, ночор ӯро «даро» гуфт, дар кулбаи худаш ҷой кунонд...
Ана ҳамин сабабро ба вай баён кардан осон не-дия.
Худо медиҳад, даҳони бефаровезаш кушода мешавад.
— Дар хонаат кӣ? — Дари кушодаи ӯ ва туфлиҳои
марди бегонаеро паси он дида пурсид янгааш.
— Меҳмон.
— Вай чӣ хел меҳмони азиз, ки дар бурҷи хонаат
менишастааст? Мегум боз додои Меҳрубона ёфта наоварда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё