Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфт: «Ба худо апа парӣ барин шудӣ, сад каса девона мекунӣ...» Мушарраф бо ҳамин сару зеб, дар сар ҳазор хаёл, рӯ-рӯи ҳавлӣ, таг-таги дарахтони себ, ки ғарқи гул буданд, якто-якто қадам мемонд. Гоҳе нигоҳаш ба осмони софу беғубор, каб-кабуд менамуд. Офтоб қариб то миёни он расида... Паррандагон ғаҷар-ғучур доштанд, болои сараш парвоз мекарданд... Дар ҳамин лаҳзаҳо дарвозаашон оҳиста нимроғ шуд. «Амак», шунид овозеро. Марде дохили ҳавлӣ гашт — ҳамон ҷавонмарде, ки ҳамроҳи мӯйсафедон меҳмонашон буд. Он рӯз палтои кабудчатоб дар бар дошт. Ҳоло шиму костюми хокистарранги нав пӯшидааст. Дар сараш тӯпии чоргули фарғонадӯхт, мӯйсарашро ба пас шона задааст, сип-сиёҳ, қатрон барин. Ба назараш нисбат ба он рӯз зеботар намуд ӯ, хушрӯй шудааст. Марди аз сару фуки худаш бохабар...
— Амакамро чеғ занед,— хоҳиш кард аз Мушарраф ӯ.
— Нестанд.
— Намеоянд, куҷо рафтанд.
— Боғ рафтанд.
— Боғатон дар куҷо?
— Боғамон?
— Ҳа.
— Аз қишлоқ берун, бисёр дур.
— Кай меоянд?
— Намедонам.
— Он кас ба ман лозим. Худашон таъин карда буданд...— Меҳмони хира будааст, пештар меомад.— Чӣ кор кунам-а? Аз роҳи дур омадам,— аз афташ, ӯ хоҳишманд буд, ки Мушарраф даро гӯяд.
— Дароед, шинед,— ноилоҷ ба хона таклиф кард ӯро Мушарраф.
— Амакатон набошанд ҳам, хонаашон ҳаст, гӯед,— шӯхӣ кард мард ва сумкаи калони дасташро, ки пури савғо будааст, пеши Мушарраф гузошт.— Ба хотират будагист, як бори дигар ҳам омада будам,— гуфт ӯ.
— Ҳа.
— Охири тирамоҳ буд, болои ана ҳамин суфа нишаста будем,— ба ҷониби суфаи баланди миёни ҳавлӣ қадам гузошт.— Хаёлам, ки дирӯзакак буд, лекин як олам вақт гузаштааст, дарахтҳо гул кардаанд чаман барин... Сабзаҳо дамидаанд.— Мард бошавқ сухан мегуфт. Ӯ поғундаҳои сангини суфаро яке паи дигар боло

пешина
аз 399
навбатӣ