Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
нидои дигаре намешунавад, бо касе рӯ ба рӯ ояд, аз ҳамин масъала гап ба миён меояд. Гӯшҳои Мушарраф ба ин гуфтугӯҳо одат кардаанд, баъзан ҷавоб ҳам намегардонад, истода-истода хомӯш ба роҳаш меравад... Гоҳе фикр мекунад: дигар ку шавҳари бадил? «Харидор»-ҳояш ҳама «лаку дак», одамони пиру барҷомонда ба ҳазор иллат гирифтор, зандор... Шавҳари нағз — одами хуб ёбад, шояд, бачаҳояш аз хорӣ мебароянд, шояд ӯ ба онҳо ҳам сарбон мешавад. Аммо ин хел одам дар куҷост? Падараш масъалаи шавҳар карданашро боз ба миён овард, такроран аз ӯ пурсид:
— Ту ин дафъа ба ман гӯш медиҳӣ ё не?
— Ман, додо, шавҳар кардани нестам,— ҷавоб дод.
— Асло?
— Ҳа, додо.
— Не, духтарам, шавҳар мекунӣ... Гу ҳоло ёш, душвор мешавад, рӯзи бачаҳот намегузарад. Ман бошам офтоби сари кӯҳ шудаам, умри имрӯз — пагоҳ дорам. Агар ҳақи гапро гӯям, ҳоло ҳам барои ман душвор. Чор сӯм пули нафақаи мегирифтигиам камерасонанд... Вай маоши ту ҳам кирой не, ҳили ба ҳамон сарулибоси худат кифоягӣ мекунад... Боз бачаҳот... Мегӯянд-ку коҳдони коҳро гӯсола, нондони нонро кӯдак соф мекунад, шукри бачаҳот аз пагоҳ то бегоҳ даҳонашон мечунбад. Вақтҳои охир ду халта орд ҳам дар як моҳ наметерасонанд... Барои ҳамин ҳам мегӯям, ки аз паи хонаю дари худат шав, ба гардани ман бор нашав... Одамони мувофиқ ҳастанд. Чанд кас по пеш монданд. Хоҳӣ-нахоҳӣ, туро ба як одами мехостагии худам медиҳам. Аз вай муносибтарашро намеёбӣ, аз даст меравад, пушаймон мешавӣ, чак-чак зада мемонӣ,— гуфт падараш...
Аҷоиб буд ӯ. Рӯзи аз боғ бо чеҳраи кушод баргаштанаш гуфт, ки Мушарраф кор накунад, вай ва фарзандонашро хӯрондаю пӯшонда метавонад, намурдааст... Аммо ҳоло аз камбағалиаш ҳасрат кард, хонасалот шудам мегуфт... Чӣ гуна одам аст падараш? Чанд забон, чӣ ботине дорад ӯ?
...Пагоҳӣ оинаро пемаш гузошта, ба ақидаи хоҳараш Сулҳия, худашро қариб як соат «созу боз» кард. Куртаи атласи намози шомашро, ки гиребонҳои онро бо симҳои сурхӣ зард гул андохта буд, пӯшид. Остинҳои кӯтоҳи он базӯр болои оринчҳояш меомаданд. Ба абрувонаш ӯсма, ба чашмонаш сурма кашид... Сулҳия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё