Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
мефармуд. Мушаррафро ҳам намегузошт, ки аз наздашон дур шавад. Ӯ аз боғу боғдорӣ, мева, дарахтҳои парвардаю пайвандиаш, ниҳолҳои дар дашту саҳро — дар ҷойҳои беоб шинондааш ба меҳмонҳо бо завқ нақл мекард.
— Вай боғи паси ҳамро худатон бунёд кардаед гуфта шунидем, — меҳмонҳо, аз афташ, аз ҳамин наздикиҳо — аз деҳаҳои гирду атроф буданд, ки пурсиданд аз падараш.
— Ҳа, барои колхоз, хоҳиш карданд, гуфтанд, ки мисли боғи худам як боғ сабзонам. Не, нагуфтаам. Аз одам нишона, чор сол боз он ҷо меҷунбам.
— Ҳа, бобои Неъматулло, шумо одами хуштолеъ, бафайз. Мегӯянд, ки аз одами хуб боғу аз ганда доғ... — Падарашро таъриф карданд.
— Аз шумо як маслиҳат пурсиданиам, — гуфт мӯйсафеде, ки аз ҳама боло менишаст ва Мушарраф бо фармоиши падар боз ду болишти дигар оварда ба зери паҳлуяш гузошта буд. — Ҳисоби анорро наёфта истодаем...
— Хушк мешавад? — Пурсид падараш.
— Ҳа, баъд... намебандад.
— Қишлоқи шумо андак баланд, дар зимистон анорро гӯр кардан лозим, анор нозук, — маслиҳат дод падараш.
Меҳмонҳоро хеле дер — қариби вақти подаомад гусел карданд. Вақти гусели онҳо Мушарраф ҳам миёни ҳавлӣ баромада буд.
— Ташаккур ба шумо, заҳмат кашидед, хӯроки болаззат пухтед, — гуфт ҷавони ҳамроҳи мӯйсафедон омада.
Модараш шабу рӯзи охир аз масъалаи шавҳар кардани ӯ бештар гап мекушод. Мегуфт, ки ин дафъа бо маслиҳати падар шӯ кунад, вай хурсанд шавад, аз ӯ наранҷад. Холаш ҳам, ки як вақтҳо, ба ақидаи падараш, миёнарави байни Нозимӣ ва ӯ буд, ҳамин гуна аз ӯ хоҳиш дошт: ин дафъа ба гапи калонҳо гӯш кунад, барака меёбад.
— Бачам, дар хонаи инҳо рӯзи нека намебинӣ, силу зардоб шуда нагард, шавҳар кун аз хорӣ мебарой, кӯдаконат ҳам мӯҳтоҷӣ намекашанд, пару бол мегиранд. Ҳа, бачам, ҳамин тавр кун... — мегуфт холаш.
Аҷоиб, зане агар бешавҳар монад, ғайри ҳамин суханҳо «фалонӣ ё бисмадонро бигир, шавҳар кун» гӯё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё